Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дорад чаман зи равнақи фасли баҳор ранг,
Ҳар барги гул гирифта магар аз ҳазор ранг.
Имрӯз дар бисоти гулистон ба фарши ноз
Хобидааст шоҳиди гул дар канор ранг.
Монанди зоҳидон ту ба саҷҷодаи чаман
Аз донаҳои субҳаи шабнам шумор ранг.
Дорад ба боғ азми сафар корвони гул,
Гӯё ки меравад зи пайи навбаҳор ранг.
Азбаски рехтам ба фироқаш сиришки ғам,
Чашмам барад ба гиря зи шамъи мазор ранг.
Наззора кун ба боғ, ки фурсат ғанимат аст,
Азбаски гашта тавсани гулро савор ранг!
Берангӣ аст ранги хуми нилии фалак,
Гар нест бовари ту, аз ин хум барор ранг!
Гулро ба пеши рӯи ту сомони хиҷлат аст,
Набвад ба ҷуз арақ ба рухи шармсор ранг.
Туғрал, нигар, ки ҳазрати Бедил чӣ гуфтааст:
«Ин ҷост бебақо гулу беэътибор ранг!»
Агар хиромӣ ба сӯи чаман бад-ин найранг,
Ба пеши рӯи ту гул меравад зи ранг ба ранг.
Ба сайди шердилони ҷаҳон ба сайёдӣ
Ғизоли чашми ту ҳар дам кунад камини паланг.
Ба ёди он қади мавзун фитодаам аз по,
Нишони тири ман омад камонхонаи чанг.
Ба ғайри сози фироқат кӣ оварад дигар
Навои нағмаи ушшоқро бад-ин оҳанг?!
Ба боғи ҳусн зи хубон чу сарв мумтозӣ,
Суи ту нисбати хубон бувад тахайюли банг.
Тариқи мадҳи ту ман он қадар намудам тай,
Шудам ба сафҳаи офоқ ҳамчу мисраи ланг.
Дилат чу қитъаи санг аст, к-оташинхӯйӣ,
Ки нест маскани оташ ба ғайри синаи санг.
Шикаст равнақи бозори нақши тасвират
Нигорхонаи чинию коргоҳи Фаранг.
Ба назди меҳнати рӯзи фироқ ёри маро
Баробар аст дами аждаҳову коми наҳанг.
Хушо зи мисраи дарёи маърифат, Туғрал,
«Ҳубоб баст нафас, баски дид қофия танг».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё