Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй лаъли лаби ту ҷони ошиқ,
Абрӯи каҷат камони ошиқ.

Рӯзу шабу солу моҳ набвад
Ҷуз номи ту бар забони ошиқ.

Бе хандаи лаъли ту нахандад
Як бор зи ғам даҳони ошиқ.

Дар маслахи ишқ сар буридан
Бошад магар имтиҳони ошиқ?

Бе рӯи гули ту ҳамчу булбул
Бар чарх расад фиғони ошиқ.

Ҳар гаҳ ба лабон лабон кушоӣ,
Хандад ба лабон лабони ошиқ.

Ту рӯҳи равони ошиқонӣ,
Рафтӣ ту, равад равони ошиқ.

Як бор зи роҳи меҳрубонӣ
Бигзар тарафи макони ошиқ.

Эй шӯх, чаро хабар надорӣ Аз Туғрали нотавони ошиқ?!

Оташи ҳасрат магар дар дил ниҳон дорад ақиқ,
Аз шаҳодатгоҳи шавқи ӯ нишон дорад ақиқ.

Аз ҳадиси шуълаи шавқи амал ғофил мабош,
Ҳар чӣ дар фикри ту меояд, ҳамон дорад ақиқ.

Аз табассум ғунчасон лаъли лаби ӯ во нашуд,
Муҳри хомӯшӣ магар зери забон дорад ақиқ?

Рамзу асрорест дар пасту баланди эътибор,
Аз хароши синаи худ тарҷумон дорад ақиқ.

Гӯиё ҳамчун шафақ дар машҳади шавқи талаб
Чеҳрае аз хун барои имтиҳон дорад ақиқ.

Сахт ҳайронам, ки ман бо ин ҳама нозуктанӣ
Маскане дар миҷмари оташ чӣ сон дорад ақиқ?!

Баски нақди ишқ бошад равнақи бозори ғам,
Кай ба ҷуз савдои номаш дар дукон дорад ақиқ?!

Гӯиё имрӯз доғи ҳасрати савдои ӯст,
Лоласон аз саргузашти ғам баён дорад ақиқ.

Ай хушо аз мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Ҷонканиҳо баҳри номи дигарон дорад ақиқ!»

пешина
аз 312
навбатӣ