Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ёри моро пераҳан аз барги гул бошад латиф,
Аз ҳарири партави маҳ бар рухаш дорад назиф.
Ғунчааш ҳар дам барад аз оташи ёқут об,
Кай шавад лаъли Бадахшон бо лаби лаълаш ҳариф!
Ин чӣ найранг аст дар бозори имкон, аз ғамаш,
Ҳеч кас холӣ набошад аз вазеъу аз шариф.
Он қадар нахли муродам бори ҳиҷрон дод бар,
Барги умрам шуд хазон чун барги гул андар хариф
Гаштам аз бори тааллуқ сарвосо мултавӣ,
То ки дидам бо қадаш гесӯи Лайлояш лафиф.1
Баски кардам дар ғамаш фарёд аз шаб то саҳар,
Пайкарам чун бол зери бори меҳнат шуд заиф!
Туғрал, азбас кардаам ман васф cap то пои ӯ,
Мисраи барҷастаам бо қомати ӯ шуд радиф.
1 Лафиф – омехта, дарҳампечида.
Эй шӯхи паривашони офоқ,
Барбоддеҳи шикеби ушшоқ!
Набвад ба ҷаҳон касе зи одам
Як тан, ки туро бувад на муштоқ!
Бечора дилам, ки ҷуфти ғам шуд,
То кардаам абруи хамат тоқ.
Ҳамдарс будам ба ишқи Маҷнун,
Ӯ рафт ба дашту ман ба асвоқ.
Дар гардани ҷони ман ниҳодӣ
Монанди сукони хеш атвоқ.
Рӯҳам ба азал миёни арвоҳ
Бо ишқи ту баста буд мисоқ.
Шероза наметавон гирифтан
Девони ғами туро зи авроқ.
Машҳури вафову меҳр будӣ
Дар байни шакарлабон ба ахлоқ.
Бисёр буридӣ ошиқонро
Бо теғи ҷафову зулми аъноқ.
Аз оташи ишқбор, Туғрал,
Гардид қарору сабрам иҳроқ.1
1 Иҳроқ – ҳариқ, оташ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё