Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Баски шаб то рӯз аз ғам гиряҳо дорад чароғ,
Аз забони шуъла арзи муддао дорад чароғ.
Ҳайрате дорам, ки доим нонаш андар равған аст,
Нолаву фарёд ҳар соат чаро дорад чароғ?!
Баҳри дафъи лашкари зулмат кунун шаб то саҳар
Аз пари парвона, аз оташ ливо дорад чароғ.
Дар муҳити оташи ғам киштии уммеди ӯ,
Кай ба ҷуз парвона фикри нохудо дорад чароғ?!
Туғрал, ин асрори махфӣ нек равшан шуд маро,
К-аш аз ин бетоқатӣ як муддао дорад чароғ.
Аз камоли равшанӣ дар дида шуд ҷои чароғ,
Кас набошад дар ҷаҳон имрӯз ҳамтои чароғ!
Роҳ торик асту ту мағрури шамъи дил машав,
Равшанӣ ҳаргиз намебинӣ ту дар пои чароғ.
Мақсад аз сӯзу гудозу гиряву оҳи шабаш
Ғайри ҷонбозӣ намебошад таманнои чароғ.
Дар шабистони ҷунун андар сулуки ошиқӣ
Боли сад парвона мечинӣ зи гулҳои чароғ.
Суҳбати ноаҳл бошад мӯҷиби озори дил,
Бештар аз об бошад шӯру ғавғои чароғ.
Муштарӣ ҷӯшад агар дар зулматободи ҷаҳон,
Кай касе донад ба ҷуз парвона савдои чароғ?!
То ба субҳи ҳашр ҷуз парвонаи шамъи адаб
Нест дигар моҳие, Туғрал, ба дарёи чароғ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё