Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар кас, ки дорад як дилбари файз,
Маҳв аст, гӯё, дар манзари файз.

Дар ҳар ду олам ҳаргиз намирӣ,
Гар кушта гардӣ аз ханҷари файз!

Дар зулмати ғам мекун таҳаммул,
Бошад, ки ёбӣ равшангари файз.

Сад дил шуҳудаш бошад ба даъво,
Ҳар кас, ки дорад як маҳзари файз.

Бе субҳ як дам ҳаргиз набинӣ
Бар фарқи хуршед ин афсари файз.

Килки адабро бар сафҳаи дил
Бинмой роҳе аз мистари файз.

Ғофил чӣ бошӣ, маҳбуби матлуб
Дар хоби ноз аст бар бистари файз!

Хуш метавонӣ кардан димоғат
То бу, ки ёбӣ аз анбари файз.

Ойинасон шав аз софии дил,
Гирӣ ҷаҳоне аз ҷавҳари файз.

Зоеъ магардон, ҳаргиз нарӯяд
Дар ҳар замине савсанбари файз.

Монанди тӯтӣ дар коми Туғрал Ҳаргиз набошад ҷуз шаккари файз.

То шуд аз катми1 адам дар мулки ҳастӣ буди шамъ,
Доя шуд парвона, гӯё, дар шаби мавлуди шамъ.

Баски шаб то рӯз дорад гиря бар ҳоли ҷаҳон,
Ҷуз садои ашки ҳасрат кай бувад дар руди шамъ?!

Гарчи бошад ҷинси ӯро гармии бозори шаб,
Ғайри ҷон кандан аз ин савдо набошад суди шамъ.

Гардани аҳли карам андар баландӣ шуд масал,
Як ҷаҳон парвона мебошад мутеъи ҷуди шамъ.

Бошадаш аз ҷӯши савдо толиъи ӯ Муштарӣ,
Рашк меояд маро аз толиъи масъуди шамъ.

Дар қиём истода бо як пой аз шаб то саҳар,
Кас намедонад, чӣ бошад оқибат мақсуди шамъ.

Дар вафо cap дод ҳар кас, зиндагӣ аз cap гирифт,
Ин масал равшан бувад аз ҷисми ғамфарсуди шамъ.

Гар набошад шамъ, кай парвона бошад дар ҷаҳон?!
Буди ин парвонаҳо набвад магар аз буди шамъ?!

Туғрал, аз ҷӯши ғами савдои ӯ маълум шуд,
К-аш бувад аз равғани парвона, гӯё, дуди шамъ.

1 Катм – пинҳон доштан.

пешина
аз 312
навбатӣ