Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То қазо зад хаймаи ҳастӣ дар ин нилибисот,
Шаҳди ҷоми айшро бо заҳри ғам кард ихтилот.
Роҳате набвад ба кас дар меҳнатободи ҷаҳон,
Ҷои осоиш набошад саҳну боми ин работ.
Фурсати фардо зи девони азал н-омад туро,
Метавонӣ, кун ту кори хеш имрӯз эҳтиёт.
Дар сулуки ошиқӣ тамкин бувад шарти адаб,
Боргоҳи ишқ набвад ҷои ҳазлу инбисот.1
Золи дунёро, ки мардон се талоқаш додаанд,
Ғарраи макраш машав, бинӣ ба гӯши ӯ қирот2.
Оқибат печад ба поят риштаи доми аҷал,
Маслахи дунё, ки аз шому саҳар дорад қимот.
Туғрал, аз ҷоми азал бо қисмати худ розиям,
Заҳри ғам бошад насибам аз қазо ҷои қубот.
1 Инбисот – шодӣ.
2 Қирот – гӯшвора.
Лаби оби бақо хуррам шуд аз фасли баҳори хат,
Баромад Хизр гӯё баҳри даъват дар диёри хат.
Зи ҷӯши нилуфар гардид лаъли ӯ зумуррадгун,
Биё, баҳри Худо, орем сайри сабзазори хат.
Ғизоли меҳри ошиқ аз лаби Кавсар чарад сунбул,
Бисоти ҳусн ҳангоме ки гардад марғзори хат.
Ба шаҳристони хубӣ хост тарҳи зинат афзояд,
Рақам зад Монии сунъи азал нақши нигори хат.
Шаҳи авранги хубӣ фитна аз олам барандозад,
Агар рӯзе мадад орад сипоҳи шаҳсавори хат.
На он бошам, ки аз қайдат раҳидан орзу созам,
Куҷо чашмам бувад чун бандагон дар интизори хат?!
Ба шаръи ишқ, Туғрал, ирси Маҷнун гар ҳамехоҳӣ,
Магир аз мусҳафи рухсораи Лайлӣ барори хат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё