Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Мекунад наззора то бар рӯи он танноз рақс,
Ҳамчу он тифле, ки дар гулшан кунад аз ноз рақс.
Ҷилваи ҳуснаш кунун дар чашми бозам мекунад
Чун хироми ҷилваи теҳу ба чашми боз рақс.
Дорад аз хатти лабаш пайғамбари ҳуснаш китоб,
Турфа пайғамбар, ки мебошад варо эъҷоз рақс.
Дар хами зулфаш дилам имрӯз мерақсад чунон,
Ҳамчу он гӯе, ки созад пеши чавгонбоз рақс.
Рашки раққос аст анҷоми тапишҳои дилам,
Гар кунад он шӯхи раққосӣ даме оғоз рақс.
Дӯш дар оҳанги «Ушшоқ» аз «Наво» мекӯфт по,
Мекунад он гулбадан имрӯз дар «Шаҳноз» рақс.
Мутрибо, зеру бами қонуни худро соз кун,
То насозад он парӣ дар анҷуман носоз рақс.
Дишабам як бор рақсидӣ, кунун, баҳри Худо,
Боз рақсу боз рақсу боз рақсу боз рақс!
Сирри ишқаш, Туғрал, аз тамкини дил пӯшида буд,
Баски мерақсад дилам, тарсам, шавад ғаммоз рақс!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё