Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
«Арақ кард оҳи ман охир зи хиҷлатҳои таъсираш!»
Ҳар кас, ки пур аз бодаи ишқ аст аёғаш,
Ҷуз бӯи гули айш набошад ба димоғаш.
Чун сарв зи ташвиши тааллуқ бувад озод,
Онро, ки зи хокистари қумрист суроғаш.
Чун лола дар ин боғ ба найранги муҳаббат
Карданд нишон тавсани умри ту зи доғаш.
Рафтам ба тамошои баҳори чамани ишқ,
Ҷуз сунбули ошуфта дигар нест ба боғаш.
Як зарра гарат меҳру вафо ҳаст, тавон кард
Аз сояи анқо асари ранг суроғаш.
Ҳар кас, ки бувад оташи савдо ба сари ӯ,
Равшан бувад аз равғани парвона чароғаш.
Роҳест зи тақлид, ки дар боғи ҳақиқат
Ёд аз равиши кабк диҳад ҷилваи зоғаш.
Сармояи сад айш ба як зарра насанҷад,
Дар зовияи ғам бувад онро ки фароғаш.
Эй сӯхтаи доғи ҳавас, бигзар аз ин ғам,
Азбаски надорӣ хабари лолаи боғаш!
Туғрал, ба ҷаҳоне надиҳам мисраи Бедил:
«Хуршед на ҷинсест, ки ҷӯйӣ ба чароғаш!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё