Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Чӣ хосийят бувад, ё Раб, насиби чашми зеҳгираш,
Ки дар парвоз меояд дил аз шавқи пари тираш?!
Хаёли абруяш кун, қитъаи рангин ҳавас дорӣ,
Ки сармашқи шаҳодат нест ғайр аз мадди шамшераш.
Ба савдои сари бозори ғам девона мегардад,
Агар афтад ба пои ақл зулфи ҳамчу занҷираш.
Зи мазмуни баландиҳои қаддаш як қалам гӯям,
Қалам аз шохи тӯбо кун, агар хоҳӣ ту таҳрираш.
Чу ман ҳар кас ҳадиси лаъли ширинаш баён созад,
Шакар резад ба ҳангоми сухан аз шаҳди тақрираш.
Каманди ҷазбаи шавқаш аҷаб хосийяте дорад,
Ки бошад донаҳои доми матлаб хуни нахҷираш.
Шикасти ранги ҷуръат шуд насиби хомаи Монӣ,
Ки имкони дурустӣ нест андар нақши тасвираш.
Чӣ афсун аст, ё Раб, ҳамчу махмал наргиси ӯро,
Ки мебошад ба хоби нозу бедор аст таъсираш?!
Ба шоми ҳаҷр аз субҳи висоли ӯ машав ғофил,
Ки меҷӯшад зи пистони амал шир аз табошираш1.
Чӣ дарди cap маро аз эътибороти маҳак акнун,
Иёри софие дорам, ки ҳоҷат нест иксираш.
Зи меъмори қазо ҳаргиз набинад рӯи ободӣ
Бинои хонаи ҳастӣ, ки вайрон аст таъмираш!
Хушо, аз мисраи мавзуни дарёи сухан, Туғрал:
1 Табошир – гиёҳест, ки дар канори об мерӯяд ва соқаи зеризаминии он хосияти доруӣ дорад, хайзурон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё