Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар чӣ ҷуз ишқаш маро op асту бас,
Муддао аз ёриям ёр асту бас.
Нест бори дигаре бар дӯши ман,
Қоматам хам зери ин бор асту бас!
Кай расам дар васли ӯ аз бахти бад,
Пеши рӯям баски девор асту бас.
Он қадар дар ишқи ӯ хун шуд дилам,
Ашки ман чун донаи нор асту бас.
Нест коре дар ҷаҳон ҷуз ошиқӣ,
Корҳои даҳр бекор асту бас!
Ҷони ширин меканад дар Бесутун,
Қисмати Фарҳод куҳсор асту бас!
Пеши чашми ошиқи Маҷнуни мо
Кӯҳу саҳро ҷумла ҳамвор асту бас.
Нест ҳақ даъвои ҳар кас дар ҷаҳон,
Як сари Мансур бар дор асту бас!
Бесабаб кай меравад Мӯсо ба Тур?
Матлабаш як арзи дидор асту бас!
Ҳалқаҳои куфри зулфаш дам ба дам
Барҳаманро тори зуннор асту бас.
Гуфт, ҳар кас дид чашму абруяш:
«Дар равоқи Каъба меъмор асту бас».
Муддао ҳосил нашуд аз боғи даҳр,
Ҷои гул дар дашти ман хор асту бас.
Туррааш ҳар гаҳ ки бар дӯш афканад,
Дар назар чун ҳалқаи мор асту бас.
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил гуфтааст:
«Чашм во кун, шаш ҷиҳат ёр асту бас».

пешина
аз 312
навбатӣ