Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафт ҷон бар боду дур аз васли ҷононам ҳанӯз,
Раҳнаварди соҳати1 саҳрои ҳиҷронам ҳанӯз.

Пур шуд аз даври қазо паймонаам аз аҳди ӯ,
Бо вафои ишқи ӯ дар аҳду паймонам ҳанӯз.

Куфри зулфаш мекунад ҳар дам зи ман тороҷи дин,
Боз мегӯям, ки ман аз аҳли имонам ҳанӯз.

Моҳро кардам шабеҳи оразаш ҳангоми бадр,
Лек аз он кардаи беҷо пушаймонам ҳанӯз.

Бо адиби ишқ хондам солҳо дарси ҷунун,
Дар сулуки ошиқӣ тифли дабистонам ҳанӯз.

Синаи садчок шуд бо тири мижгонаш ҳадаф,
З-он сабаб заҳматкаши хори муғеланам ҳанӯз.

Доштам, Туғрал, хаёли кокулаш шаб то саҳар,
Аз тасаввурҳои гесӯяш парешонам ҳанӯз.

1 Соҳат – паҳна, вусъат.

Дар ғамат ҷон додаму аммо ту дар нозӣ ҳанӯз,
Дар бисоти ишқ рухмотам, ту шаҳбозӣ ҳанӯз.

Теғи абрӯ бегунаҳ урён ба қатлам кардаӣ,
Чун уруҷи нашъаи май бар сарам тозӣ ҳанӯз.

Гаштам аз доғи ғамат саргарми анҷоми фироқ,
Давлати васлат надида фурқатоғозӣ ҳанӯз.

Н-оядат шарм аз мушаббакҳои1 сӯрохи дилам,
Бар сарам ҳамчун ҳадаф тири ғам андозӣ ҳанӯз.

Чанд гуфтам, дар мақоми васл худдорӣ намо,
Аз ҳуҷуми изтироб, эй ашк, ғаммозӣ ҳанӯз!

Ҷон диҳад лаълаш ба ҳангоми сухан амвотро2,
Шарм дор, эй муддаӣ, толиб ба эъҷозӣ ҳанӯз!

Доштӣ, Туғрал, шикоятҳо шаб аз дасти фироқ,
Аз ҷудоӣ ҳамчу най бо нола дамсозӣ ҳанӯз.

1 Мушаббак – шикоф, сӯрох.
2 Амвот – майитҳо, мурдаҳо.

пешина
аз 312
навбатӣ