Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То шуъои меҳр аз ҷайби ту равшан мешавад,
Домани ҳар зарра аз ойина хирман мешавад.

Пардаи дигар ба мизроби ғамаш даркор нест,
Аз баму зери ҷунун ин нола шеван мешавад.

Нест имкон, то ба арз орам ҳадиси васфи ӯ,
Баски аз ҳайрат забонам ҳамчу савсан мешавад.

Васл дорӣ орзу, шав бисмили шавқи талаб,
Мушкилоти дарси ӯ ҳал аз тапидан мешавад.

Ҳайрати мо гар шавад саргарми арзи муддао,
Ҷавҳари ойина яксар чини доман мешавад.

Дар ҳарими васли ӯ ҳар лаҳза дар базми адаб
Ошёни мурғи рангам аз паридан мешавад.

Пайкари мо нест муҳтоҷе ба ташрифи дигар,
Оқибат ин хоксорӣ кисвати тан мешавад.

Туғрал, аз баҳри зиёи партави меҳри рухаш Ҳар буни мӯ бар танам монанди равзан мешавад.

Зери теғи абруяш сад мисли ман гар cap диҳад,
Баҳри куштан муъҷизи лаълаш ҳаёт аз cap диҳад.

Хоҳам аз лаълаш ба сад зорӣ агар оби ҳаёт,
Дар гулӯи ташнаам об аз дами ханҷар диҳад.

Дар хароботи муғон паймона гар қисмат кунад,
Ғайрро ратли гарон бахшад, маро соғар диҳад.

Бегунаҳ бинвохт моро, н-аз мусулмонист ин,
К-инчунин дашноми беҷо кас на бо кофар диҳад!

Накҳати рӯи гулаш бо мо намедорад раво,
Лек чун бо дигарон аз гулшани дил бар диҳад.

Ғайри моро ҳамчу носеҳ ҳарфҳо гӯяд бахайр,
Дар суоли ман вале посух зи шӯру шар диҳад.

Дафтари ҷурми рақибон маҳв созад сад ҳазор,
Бесабаб аз қаҳр бо Туғрал дусад дафтар диҳад!

пешина
аз 312
навбатӣ