Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Сарам ба зери қудуми ту гар ғубор шавад,
Зи юмни мақдами ту хони ман мазор шавад.
Яке гузар ба сари турбатам, ки баъд аз марг
Зи хоки ман ба раҳат наргис интизор шавад.
Даме ба сӯи чаман бигзару тамошо кун,
Ки саҳни боғ пур аз ғулғули ҳазор шавад.
Суман, ки зулфи туро дид, cap фуруд орад,
Гул аз таровати рухсораи ту хор шавад.
Лабат, ки вақти такаллум ҳаёт мебахшад,
Масеҳ аз лаби лаъли ту шармсор шавад.
Амири кишвари ҳуснию нест монандат,
Ҳар он ки рӯи туро дид, беқарор шавад.
Манам, ки ҳалқабагӯши туам, намепурсӣ,
Чӣ мешавад, ки туро Туғрал эътибор шавад?!
Бувад он рӯз, ки чашмам ба рухат боз шавад,
Занги ғамҳои дилам ойинапардоз шавад.
Қадаҳе аз майи майхонаи чашмат нӯшам,
Пардаи шарм ба мизроби ҷунун соз шавад.
Аз бисоти рухи ту нарди тамошо бибарам,
Кишти ин дона ба мот аз ҳама мумтоз шавад.
Чӣ кунам чора, ки бо гарди висолат нарасад,
Аспи бахтам, ки зи фарзин шуда, дар тоз шавад.
Байдақосо1 дилу дин бохта дар муҳраи ғам,
Фили иқболи ман, эй кош, ки шаҳбоз шавад!
Эй хуш он рӯз, ки ин Туғрали беболу парам
Ҷониби кӯи ту як бор ба парвоз шавад!
1 Байдақ – пиёда дар шоҳмот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё