Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ёди айёме, ки ҳар дам бо манат пайғом буд,
Шаҳди мазмуни ҳадиси дилкашат дар ком буд.
Дам ба дам, соат ба соат аз навиди номаат
Тарфи гулзори хаёли ман баҳорайём буд.
Аз каломат «васбиру» тафсир мекардам мудом,
Изтироби мурғи дил дар ҳалқаи ором буд.
Мекашидам сайди ишратро ба қуллоби хатат,
Печутоби мавҷи мактубат каманди дом буд.
Накҳати рамзи саводи нома аз иншои ту
Дар димоғи хушкмағзон равғани бодом буд.
Доштам сомони мастӣ аз кушоди маъният,
Матлаи меҳри нишонам аз дару аз бом буд.
Туғрал аз мазмуни истиғнош акнун пухтааст,
Боғбони гулшани лутфаш ҳамоно хом буд.
Субҳи содиқ аз тулӯи маъниям огоҳ буд,
Бар муборакбоди табъам меҳр ҷои моҳ буд.
Назми ширинам агар килки Уторид менавишт,
Дасти Ноҳид аз тараннум якқалам кӯтоҳ буд.
Марями фикрам Масеҳ аз айни маънӣ зодааст,
Нақди ашъорам нахустин Муштарӣ дилхоҳ буд.
Кори сад Баҳром хоҳам кард бо теғи забон,
З-он ки аз ҳалли нукоти ман Зуҳал дар оҳ буд.
Аз камоли хештан дар авҷи маънӣ Туғралам,
Ин ҳама софӣ ба асли гавҳарам ҳамроҳ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё