Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар куҷо шавқи туам соғаркаши омол буд,
Субҳи ишрат сарбаланду шоми ғам помол буд.

Доштам аз зулфи ӯ сармояи айши абад,
То саводи хатти ӯ бар рӯи давлат хол буд.

Дидаи ойина бар рӯяш кушуданд дар азал,
Арзи ҷавҳар дар забони сурати ӯ лол буд.

Мезадам ҳар лаҳза ман дасте ба домони дуо,
Чун алиф қаддам ба ёди абруи ӯ дол буд.

Бар умеди хокбӯси нақши пояш дам ба дам
Омадурафти нафас тамҳиди истиқбол буд.

Хотири мо кай кунад имрӯз ёди ҷоми Ҷам,
Баски ҷоми ишрати мо дӯш моломол буд!

Нест ҷуз савдои ӯ дар чорсӯи эътибор,
Муштарӣ гӯё нишони муҳраи ин фол буд.

Чун нигоҳ андар ҳавои ишқи ӯ пар мезадам,
Ошёни мурғи рангам аз шикасти бол буд.

Баски санҷидам ба субҳи шодмонӣ шоми ғам,
Кӯҳ дар мизони ҳаҷраш вазни як мисқол буд.

Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Мозию мустақбали1 ин базми ҳайрат ҳол буд».

1 Мустақбал – оянда.

пешина
аз 312
навбатӣ