Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Партави ойинаам ҳайратбаёнӣ мекунад,
Сурати Беҳзоди фикри ман на Монӣ мекунад.

Вазъи мизони хаёламро мапурс аз нозукӣ,
Сояи мӯе ба ёд ояд, гаронӣ мекунад.

Уқдаҳои мушкили рамзу киноёти маро
Фаҳмад он доно, ки ҳалли Булмаонӣ мекунад.

Дар сарири мӯшикофӣ шоҳам аз фикри расо,
Дар диёри назм табъам ҳукмронӣ мекунад.

Ахтари толеъ ба авҷи донишам дунбола зад,
Мулки маъниро дилам соҳибқиронӣ мекунад.

Ҳар кӣ шуд дар баҳри ашъорам нахустин нохудо,
Заврақ аз фаҳми баланди хеш сонӣ мекунад.

Муҳраи нарди бисоти байти мавзуни маро
Ҳар касе бо қадри дониш донаронӣ мекунад.

Дар шикори сайди маъниҳои ваҳшатроми ман
Кай хаданг аз ғамза, кай абрӯ камонӣ мекунад?

Туғралосо рӯзу шаб дар авҷи мазмунҳои бикр Тоири рамзи нукотам парфишонӣ мекунад.

То қумоши1 ҳусни ӯро корвон аз ноз буд,
Муштариро маҳмили савдо ҷарасовоз буд.

Мурдам аз ҳасрат, ки з-истиғно намегӯяд сухан,
Ёди айёме, ки лаъли ӯ масеҳэъҷоз буд!

Қоматаш дар бӯстони ҳусн дидам ҷилвагар,
Дар миёни навниҳолони чаман мумтоз буд.

Аз сабо то муждаи пайғоми дидораш расид,
Чашми уммедам ба роҳи интизораш боз буд.

Муншии субҳи азал зад қуръаи фоли маро,
Оқибат мурғи дилам дар чанги ин шаҳбоз буд.

Донаи холаш ба сони қаҳрабо дил мекашад,
Афъии зулфи каҷи ӯ сахт афсунсоз буд.

Дошт чашми соҳираш дар мулки дин яғмогарӣ,
То камони абруяшро ғамза тирандоз буд.

Аз ҷудоӣ ҳамчу най анҷоми умрам нола шуд,
Лоласон доғи дилам аз ҳасрати оғоз буд.

Дар азал сайди маонӣ боли теҳуро кушод,
Туғрали мо аз паяш он рӯз дар парвоз буд.

1 Қумош – рахт ва матоъ.

пешина
аз 312
навбатӣ