Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Орази чун моҳаш аз бурқаъ намоён мекунад,
Оламеро шамъи рухсораш чароғон мекунад.

Аз хаёли ғунчааш дорам ба дил ҷамъийяте,
Хотирамро ёди он гесӯ парешон мекунад.

Дӯш бо ёди рухаш аз дида боридам гуҳар,
Мавҷи ашкам дар ҷаҳон имрӯз тӯфон мекунад.

Дил ба кӯи ёр мебошад, вале ҳар дам чу мӯр
Он тафохурҳо, ки дар дасти Сулаймон мекунад.

Эй парирӯ, нақши найранги кадомин суратӣ?
Чашми сад ойинаро акси ту ҳайрон мекунад!

Гар ҳамин бошад гудози шуълаи шамъи вафо,
Хонаи занбӯрро парвона вайрон мекунад.

Бо маризи ишқ дору нест дар дуккони даҳр,
Мушкили Маҷнуни моро Лайлӣ осон мекунад.

Ҳайрате дорам, ки, Туғрал, булбул аз шаб то саҳар Дар ҳузури шоҳиди гул сахт афғон мекунад.

Дил ба тоқи абруи ӯ майпарастӣ мекунад,
Чун кабӯтар дар равоқи Каъба мастӣ мекунад.

Аз баландӣ кай расам дар зурваи1 он остон?
Толиъу иқболи сустам сахт пастӣ мекунад.

Сурма дорад орзу чашм аз ғубори мақдамаш,
Хоки пояшро ҷабинам пешдастӣ мекунад.

Ҳеч кас дар ишқи Лайлӣ нест ин ҷо устувор,
Кай чу Маҷнун дигаре даъвои ҳастӣ мекунад?

Аҷз бошад дар талаб шамъи далели муддао,
Сад дуруст аз мумиё як дилшикастӣ мекунад.

Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан
Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.

1 Зурва – авҷ, баландӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ