Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ёр ба ман боз ҷафо мекунад,
Тарки мудорову вафо мекунад.

Мезанадам гарчи ба тири нигаҳ,
Раҳмати бераҳминамо мекунад.

Мекушадам ҳар нафасе чанд бор,
Шукр, ки ин зулм маро мекунад.

Чашми ман афтад ба рухаш дар намоз,
Даст ба рӯ баҳри дуо мекунад.

Ҷониби масҷид гузарам аз қазо,
Ҳамчу намозам, ки адо мекунад.

Гарчи дил аз захми ҷафояш пур аст,
Лаъли лабаш боз даво мекунад.

Хоҳам агар бӯса кунам нақши пош,
Аз паси худ шӯр ба по мекунад.

Пардаи сози ғами ӯ аз фироқ
Нағмаи ушшоқ наво мекунад.

Туғрали рӯҳам ба ҳарими дараш Дам ба дам аз шавқ ҳаво мекунад.

Ғамзаи мардумшикорат ғорати ҷон мекунад,
Ишваи обидфиребат қасди имон мекунад.

Бурқаъ аз рух барфикан, бепарда гардад оламе,
Акси рӯят таъна бо хуршеди тобон мекунад.

Доғи ишқи туст, эй Лайлӣ, на Маҷнунрову бас,
Печутоби сунбулат ошӯби даврон мекунад.

Ханда зан бар рӯям, эй гул, то нагирям баъд аз ин,
Варна сели ашки ман дар баҳр тӯфон мекунад!

Ин чӣ бераҳмист, хони ошиқонро аз ғазаб
Вокашида бар сари ҳар мехи мижгон мекунад.

Аз хати райҳони лаъли ӯ маро маълум шуд:
Лашкари Шому Ҳабаш ин шаҳр вайрон мекунад.

Туғрал, ар хоҳӣ висолаш, нола кун шому саҳар,
Нолаи булбул саҳар гул дар гулистон мекунад.

пешина
аз 312
навбатӣ