Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Наргиси масти ту олуи Ҳиротам надиҳад,
Ҳалқаи зулфи ту аз банд наҷотам надиҳад.

Ҷониби кӯи ту хоҳам, ки кунам парвозе,
Шаҳпари бол расоӣ ба қанотам надиҳад.

Ваҳ, ки амволи ҷамолат ба нисоб аст кунун,
Лаъли ҷонбахши ту як бӯса закотам надиҳад!

Ман ба ағёри ту ҳар лаҳза ба ҷангу ҷадалам,
Лек тарсам, ки халосӣ зи ҷиҳотам надиҳад.

Шукри ёдат кунам имрӯз, ки иқбол маро
Ба ҳарими ҳарамат гар дараҷотам надиҳад.

Дил ба зулфи ту гарав додаму бахти бади ман
Дар ғами ишқи ту ҷуз сабру суботам надиҳад.

Ман, ки дар муҳраи савдош фитодам, Туғрал,
Тарсам аз киштии он рух, ки ба мотам надиҳад.

Зи ҷӯши ашк дар обам, гуҳарбор инчунин бояд,
Зи шоми ғам сияҳрӯзам, шаби тор инчунин бояд.

Намебошад ба ғайри яъс дигар дастгири ман,
Ба накбатхонаи1 дунё мададгор инчунин бояд!

Надонад куфри зулфаш ҳеч ойини мусулмонӣ,
Ба кеши Аҳриман, албатта, зуннор инчунин бояд.

Зи дасти нокасе ҳамсанги пои мӯр гардидам,
Ба мизони муҳаббат вазну миқдор инчунин бояд.

Матоъи ҳар ду олам нақди меҳнатро намеарзад,
Қумоши ҷинси ғамро нархи бозор инчунин бояд.

Адиби тифли ашки ошиқон бошад сиришки ман,
Бале, дар силки ҷавҳар дурри шаҳвор инчунин бояд.

Пари парвона бошад равғани шамъи вафо имшаб,
Ба арзи муддао сомони изҳор инчунин бояд.

Арақ гул мекунад аз ҷавҳари акси рухаш ҳар дам,
Ба ҳайратхонаи ойина меъмор инчунин бояд.

Ҳазораш офарин, Туғрал, бар ин як мисраи Бедил:
«Зи ҳар мӯ домбардӯшам, гирифтор инчунин бояд!»

1 Накбат – бадбахтӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ