Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сониян, дар муқаввои охири мусаввадаи шоир, ки коғазаш истеҳсоли Русия мебошад, аз номи шахси русе ва ё, ҳеч набошад, русидоне, ба хатту имлову забони онрӯзаи русӣ «Китоби Мирзо Нақибхон Туғрал дар Мадрасаи Тиллокорӣ, аз (имзо)» навишта шудааст ва гумони комил меравад, ки он мард аз рафиқони шоир буда, дафтарро барояш ҳадя кардааст. Солисан, дар бисёр мавридҳо санаи ҳиҷрии зери ашъорашро Туғрал бо дасти худ ба мелодӣ гардондаву ба алифбои русӣ нигоштааст, ки далели дигари вуқуфаш аз хатту забони русист. Ахиран, Туғрал дар мусаввада таърихи эҷоди яке аз рубоиёташро ба шавқу завқи тамом ва батафсил ҳикоя кардааст, ки он лаҳзаи таърих, дар навбати худ, мифтоҳест барои кушодани психологияи иҷтимоию ҷаҳонбинии шоир ва нақлаш дар ин асно бамаврид менамояд: «Қазоро рӯзе ҳангоми (намози – А. Р.) дигар ҷиҳати тафарруҷу зангзудойии саҷанҷали хотир дар кӯчаву бозори Самарқанди фирдавсмонанд мегаштам, ки ду-се аз рамзошоёни маъниофарин ва шуарои муосири ин ҳечмадонро (яъне, Туғралро – А. Р.) мулоқӣ гардиданд, ки байнуҳум аз ҳар гуна сухан мушоъира рафт.
Муқорини ин ҳол аз ҷумлаи насорои русӣ зане, ки дар ҳар шикани зулфаш ҳазорон дил дар гарав мебурд ва дар ҳар лаҳҷае аз лаълаш ҳамчун Исо ҳазорон мурдаро зинда менамуд, сарвқадди сабоҳатхадде, ки аз баёзи гарданаш сафедоби шафақ мавсуф ба рӯсияҳӣ ва аз нахли болои хиромонаш дасти шамшод машҳур ба кӯтаҳӣ, аз пеши назар чун барқи хотиф бо аробаи бойтин (фойтун
– А.Р.) бандагонро қарин бигзашт. Бандаро ин ҳаракот аз ӯ хууш омада, ба яке аз он ҷумла, ки мутахаллис ба Фикрии мавсум ба Мирзо Акрам буд, ишора намудам, ки дар хусуси ин русиязан, ки аз сармояи ишқаш ҷуз рӯсияҳӣ натиҷа ҳосил нест, чизе билбадеҳа фармояд.
Мумоилайҳ эътироз пеш оварданд, ки «сухан Шуморост». Бинобар алайҳи, банда билбадеҳа ин мисраъро

пешина
аз 312
навбатӣ