Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва соҳиби чунин заковати баланду илмию фазилати бемонанди инсонӣ ва маҳорати тавонманди адабӣ будани Туғралро ҳамзамононаш ҷиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири ҳамдаври ӯ Абдулғании Ҷавдат далели чунин даъвостанд:

Яктойи асри мо буд он шоири ягона,
Бишкуфта буд аз ӯ ҳар суҳбату маҷолис!
Дар пеши дониши ӯ донишварон мусаллам,
Равшан бувад ба фаҳмаш ҳар нуктаву аҳодис!
Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,
Қойил шуда ба илмаш ҳар олиму мударрис!

Аз «назми каломи форс»-и Туғрал пайдост, ки ӯ захираву нозукиҳои забони деринасоли модарии худ – форсии дарии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эҳсос мекардааст. Дар сарфу наҳву луғати арабӣ низ устоди комил будааст, ки фиқраву ҷумлаву мақолу оёти арабии иқтибосӣ ва эҷоди қалами худаш гувоҳи онанд. Ва дар ин маврид бояд гуфт, ки Туғрал ҳамвора фарҳангҳои тафсирӣ, аз ҷумла, «Суроҳ»-у «Ҳамиз»-ро зери даст дошта, доройиҳои забони форсию арабиро дар муқояса меомӯхтааст. Дар дафтари мусаввадаи ӯ муродифоти форсию арабии калимаҳои асп, шер, май пайиҳам чида шудаанд, ки бори дигар аз паҳнои қаламрави забондонии Туғрал гувоҳӣ медиҳанд.
Шоири ҳассос ба мардуми русу забони онон иштиёқу дилбастагии хоссе доштааст. Аввалан, дар он рӯзҳо дар марказҳои тамаддуни Осиёи Миёна, монанди Самарқанду Бухоро, аҳён-аҳён намояндагони халқи рус ба назар мерасиданд, ки мардуми заҳматкаши маҳаллӣ, алалхусус, зиёиёну эҷодкорон, ба онҳо ғолибан ба чашми рафоқату имдодхоҳӣ менигаристанд ва дар симои онон, ҳамчун ҳамдиёрони инқилобу гардишҳои азими иҷтимоӣ, ёру ёвар ва муттакову мададовари хешро медиданд, ки Туғрал ҳам аз ҷумлаи он имдодҷӯён буд.

пешина
аз 312
навбатӣ