Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуло, онон, ки бо ту ёр буданд,
Зи лутфат ҷумла бархурдор буданд,
Ба ту ошиқ набуданд аз дилу ҷон,
Ба ном ошиқ ва ё хушдор буданд.

Машав ранҷидахотирҳаргиз, эй гул,
Машав дилсард охир ҳаргиз, эй гул.
Ба чашми дил бубин он бедилонро,
Машав мафтуни зоҳир ҳаргиз, эй гул.

Ба дуньё мардуме, кн некбинанд,
Зи гулзори сари раҳ гул начинанд.
Агар дар роҳ гул не, бахт рӯяд,
Яқин дар сояи он кам нишинанд.

БОЗ АЗ РОЗҲОИ МАҲТОБӢ

Шом аз сояҳои нилобӣ
Хайма бар рӯи пахтазорон зад,
Бар машомам насими бегоҳӣ
Накҳати кокулони ҷонон зад.

Ман дар оғӯши хотироти дур
Мегузаштам аз ин раҳи саҳро,
Дар сари роҳи ман тарозудор
Пахта бар мекашид бо ғавғо.

Нарму оҳиста аз канори рӯд
Хандаи дилбарона меомад,
Аз ҳама сӯй нағмаҳои шӯх
Мавҷҳои тарона меомад.

Пахтачин духтарони хушгуфтор
Аз муҳаббат тарона мехонданд,
Дили манро ба ҷӯш оварда,
Ғазали ошиқона мехонданд.

Боз ёди нигори дерина,
Оташ афрӯхт дар тану ҷонам.
Рози кайҳо нагуфта монда ҳанӯз
Шӯр афганду кард ҳайронам.

Боз дар банди ишқи деринам,
Боз дар байни пахтазоронам.
Орзуҳои рафтаам аз нав
Аз куҷо зинда шуд, намедонам.

пешина
аз 39
навбатӣ