Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НАДОМАТ

Нарав, эй ёр нарав, аз дилам уммед мабар,
Гӯш кун бар суханам, даст наафшон ба ҷафо.
Нарав, эй шодии ман, аз гунаҳам бозгузар,
Дил набардор аз ин хонаи уммеду вафо.

Дил набардор ба саҳл аз мани бечора чунин,
Бас хато кардаму бо бераҳае ёр шудам.
Аз раҳи шафқату дилҷӯӣ маро тарк макун,
Ногаҳ аз дӯст ҷудо гашта, нагунсор шудам.

Шодиам аз рухи шодоби ту бошад асаре,
Дили ман бо гули рӯи ту ҳаёт аст мудом.
Бо ҳама мастиву майнӯшиву девонагарӣ
Синаам хонаи уммеду нишот аст мудом.

Бо ту як риштаву як тофта монам ба ҷаҳон,
Ҳар ду як байт сурудем зи ду мисраи умр.
Нарав, эй ёр, баҳори дигаре нест, бидон,
Навбати кишти дигар нест ба ин мазраи умр.

ШИКВА

Дили пурҳасрате чун ҷоми лабрез,
Ду чашмон нимапӯши дардангез.
Басо аз ҳамнишинон шикваат буд,
Вале аз худ набудат шиква ҳаргиз.

Ту мегуфтӣ, ки чашми бахт кӯр аст,
Ки қисмат баҳру оби баҳр шӯр аст,
Ту мегуфтӣ, зани зебост бебахт,
Агарчӣ дар малоҳат ҳамчу ҳур аст...

Кунун ҳар мард пешат нописанд аст,
Ҳама дуньё дурӯғу макру фанд аст.
Машав навмед аз ноомади бахт,
Ки инсон бо умеди худ баланд аст.

пешина
аз 39
навбатӣ