Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МУҲАББАТ

Ба монанди замини норасида
Гили хомӯш будам, сард будам.
Ки сурат дидаву сират надида,
Ба сӯзу дарди кас бедард будам.

Намедидам чи сон себарга меруст,
Ба рӯи дашту дар домони кӯҳсор.
Намедидам чи сон хуршед мешуст,
Танаш дар оби раҳмат ҳамчу бемор.

Ба рӯзи сахти худ хандидам он рӯз,
Ҷавони худсару худройбудам.
Надонистам ки толеъ чисту қисмат,
Аҷаб хушбахту рӯҳафзой будам.

Чу манзилгоҳи бекас монда будам,
На дуде, на чароғе доштам ман.
Муҳаббат шӯълае зад дар вуҷудам,
Ба дил сӯзу гудоз анбоштам ман.

Азизон, ишқ асроре надорад,
Ба худбинон сару коре надорад.
Биҷӯшад аз дили он кас, ки умре
Ба дунё ғайри дил боре надорад.

БЕ ТУ ДАР САЙР БУДАМ

Бе ту дар сайр будам,
Дар шафати абр будам,
Дар бари қулла, --
Таҳи шаршараи наҳр будам.
Борҳо бо ту дар ин гулдара биншаста будам,
Ёд дорӣ, басарат чанбари гулбаста будам ...
Кӯҳ, он кӯҳучаман, он чамани сабзи баҳор,
Рӯд, он рӯди булурини ҳамон замзамакор.
Кабкҳо нағмасаро санг ба санг мепарранд,
Шабпаракҳои чаман нусхаи гул мешумаранд.
Пок аз гард рухи сабзаву себаргаи тар,
Хуш ҳавоест, ки полуда чу чашмони саҳар.
Омадам бе туву бо ёди ту дилтанг шудам,
Ёр, ин ҷо ҳама ҷон ёфту ман санг шудам.

пешина
аз 39
навбатӣ