СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
Ман шеваи мунофиқон бас озмудаам,
Гаҳ бо ту як мавиз ду тақсим мекунанд.
Пеши ту лоф мезананд аз сидқу дӯстӣ,
Сар хам гаҳ аз ниёз, гаҳ аз бим мекунанд.
Гоҳо ба пеши пои ту хам гашта лаҳзае
Сар гӯиё ба ҳурматат таслим мекунанд.
Бовар макун тамаллуқи ночори нокасон,
Бар кӯҳ то баромадан таъзим мекунанд.
МАСӮЗОН НОМАҲОИ ОШИҚОНА
Бароят нома не, як пора дил буд,
Ба хилват хонда механдидӣҳар бор.
Шабонгаҳ монда дар зери сари худ
Ба оби дида тар мекардӣ бисёр.
Масӯз он номаҳои ошиқона,
Масӯзаш боз хоҳӣ шуд пушаймон.
Миёни дафтарат бигзор монад,
Ба мисли шохаҳои хушки райҳон.
Чаро дар оташ андозӣ хати ёр?
Масӯз он номаҳо бо оҳу нола.
Басо оянд мурғон ҳам дигар бор.
Ба сӯи лонаҳои порсола.
Масӯз он номаҳои бегуноҳӣ,
Ба ҷуз меҳру вафо сирре надоранд.
Ба ту аз ҳеҷ марде, ҳеҷ гоҳе
Чунин мактубҳо дигар наоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё