СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
НИМИШАБ
Нимишаб буд дар канори рӯд
Нағма сар кард марди нобино.
Нолаи дилхарош оҳиста
Рехт дар ҳам сукунати шабро.
Дар фазои хамӯши кӯҳистон
Нолаи най ба дард мелағжид,
Дар сукути замини симобӣ
Шӯълаи қалби мард мерақсид.
Нимишаб найнавози нобино
Ранҷи дилро ба нағма мепардохт
Ӯ ба оҳанги нойу савти рӯд
Дар дили шаб сурур меандохт.
Дар сари ӯҳавои ёди кист,
Сози ӯро кӣ сӯзи ҷон додаст?
Машъали шеъри кист дар дили ӯ,
Ё ки сайди кадом сайёд аст?
Кист имшаб зи нағма беором
Дар дили нимашаб кӣ бедор аст?
Кист дар печу тоб афтода,
Кӣ аз ин нағмаҳо дилафгор аст?
Шарфае ногаҳон ба гӯш омад,
Ё ки ногаҳ насим бол афшонд,
Сози пурсӯз аз наво афтид,
Моҳ бар китфи кӯҳ сар мемонд...
ТАРОНАИ ЁВОН
Ман чу саҳро беканорам,
Чун назарҳо беҳудуд.
Чун биёбон безабонам,
Рӯзу шабҳо дар сукут.
Ман чу саҳро, синаи ман
Хоки бодоварда нест,
Гӯшаи сарбастаеву
Шавқи дар худ мурда нест.
Дил ба рӯи каф чу саҳро
Ман на пастам, не баланд,
Ҳар кӣ ояд рӯи каф дил —
Гӯӣ дастархони ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё