Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
“Русский язык”, 1985), ки ҳоло ба дастраси интизорон аст, хеле аз нуқсонҳои луғати пешин ба ислоҳ расидааст.
Қабл аз ҳама ҳаҷми луғат (беш аз 72 ҳазор калима) имкон медиҳад, ки ҳоло ҳоҷатмандон тарҷума ва ё шарҳу эзоҳи калимаҳои хеле зиёди забони русиро аз он дарёбанд.
Азбаски луғатро як гурӯҳ мураттибону муҳаррирони забоншинос ба нашр ҳозир кардаанд, тарҷумаю эзоҳи моддаҳо ҳам якранг нестанд. Баъзе моддаҳои он возеҳу саҳеҳ, аз таъсири завқу дониши баланд бархурдор ба назар мерасанд ва ин гуна моддаҳо хонандаро мамнун хоҳанд кард. Бигирем:
“вожак — 1. пешрав, раҳбалад, раҳнамо; 2. раҳбар, сардаста, сардор; 3. асокаш, 4. саргала, подакаш, рамакаш” (Афсӯс, ки “сарка” надаромадаст. — Б.Ф.) “монета — сикка, танга, пул”. Аммо моддаи “нумизмат — нумизмат”, “мутахассиси нумизматика” шарҳ ёфтааст, ки хонандаро қонеъ намекунад. Ба эзоҳи боло “сиккашинос” ё “тангашинос”-ро илова кардан мумкин буд. Ҳол он, ки дар дигар кишварҳои форсизабон истилоҳи “сиккашинос” машҳур аст. Ба ҳамин усул дар луғати нав “евангелие” — инҷил, аммо “евангелический” — евангелистӣ омада ва ҳамин навъ ноқисию номувофиқатиҳо кам нестанд.
Дар луғати пешин як нуқсони асосӣ — калимаи русиро такроран мондани мураттибон буд. Ин кӯтаҳӣ дар луғати нав ҳам фаровон аст:
“аграрный — аграрӣ” “аксиома — аксиома (“возиҳот”-ро илова кардан мумкин буд — Б.Ф.) “блокировочный — блоконӣ” (олат ва ё василаи раҳбандӣ — Б.Ф.) “водопровод — водопровод” (ноижа, қубур, лӯлаи об, ғулба — Б.Ф.) “дистрофия — дистрофия”

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё