Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ғӯтавар нагашта моҳияти аслии адабиётро идрок кардан номумкин аст.
Гӯянд, профессоре, ки дар овони ҷавонӣ адиби машҳур Конан Дойл назди ӯ илми тиббро меомӯхтаст, ба шахси бемор бодиққат нигариста дарди ӯро таъин мегуфтааст. “Ба ин одам чи шудаст, сэр? — савол мекардаст ӯ шогирди дар изтироб афтодаро. — Ба сӯи вай бодиққат нигаред! Не-не, ба ӯ даст нарасонед! Фақат чашматонро ба кор баред, сэр! Чашмро ба кор бареду ақлро раҳбалад намоед!..” Мушоҳадаи амиқ барои адиб чи ганҷи беназир аст, бисёр эҷодкорони ҷавон ҳанӯз пай набурдаанд.
Дар ҷавонӣ ҳама шоиранд. Туғёни дилашро яке бо шеър, дигаре дар лавҳаи рангин, сеюми бо тараннуми суруди дилошӯбе, бо ҳунаре, корнамоие, муҳаббати сӯзоне, шуҷоатею назокате ифода мекунад. Ҷавонӣ худ шеърест ҷӯшону хурӯшон, баҳорест гулафшон ва инсон ба ҳар коре агар бо ҳиммат даст занад, онро ба сомон мерасонад.
Аммо ҷавононе, ки ба мукофоти ин баҳори умр ғарра гашта, аз ранҷу заҳмати омӯзиш фориғанд, сахт фиреб мехуранд. Шоир бояд инсони донишманду равшанфикри даврону замони худ бошад, вай бояд кулли он хираду ҳикматеро, ки башар офаридааст, дар симои худ таҷассум созад. Шоири ҷаҳоншумуле, ки аз шеъри Фирдавсию Низомӣ, аз “Рамаяна” ва “Маҳабҳарата”-и ҳиндуён ва осори файласуфони Юнони қадим, аз офаридаҳои Балзак ва Достоевский, Айтматов ва Гарсиа Маркэс барин садҳо бузургони башар бехабар бошад, ҳеҷ дар тасаввур намеояд. Фақат тамоми дороии маънавии башарро омӯхта, сипас ба он заррае аз худ илова кардан метавон.
1986

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё