Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳои дархам-барҳам, соддалавҳона ва зуд тағийрпазири онҳоро дида, мурғи пухтагиро ханда мегирад. Ростӣ аз ҷониби онҳо хиҷолат мекашед. Чаро ин гурӯҳ аз мунаққидони борикбину дақиқсанҷ, одил ва ғамхори адабиётамон ибрате намегиранд? Муҳаммадҷон Шукуров ба ман ҳаққи устодӣ доранд, зеро аксар повесту ҳикоятамро қабл аз ба табъ расидан он кас хондаанд ва дар ислоҳу пухта кардани онҳо ба ман басо кӯмак расондаанд. Чун ҳар як китобам ба чоп расад, бисёр мехоҳам, ки эшон онро хонда ақидаашонро гӯянд ё нависанд. Дар шахсияти ин марди фозил ва инсони одил ман ҳамеша он касеро мебинам, ки маро аз хомкорӣ, аз хатою саҳви ҷиддӣ сари вақт огоҳ мекунад, ҳамеша ҳаками мӯътабар ва устоди дастгир аст.
Афсӯс, ки чунин ҳакамҳо дар адабиёти мо хеле каманд. Беҳтар каломи дурушту худбоварона ва оқибат ранги беҳаёӣ ва густохӣ гирифтаи баъзе даллолони бозорчаи адабиёт маро ҳайрон мекунад. Онҳо хеле асарҳоро шоҳкори беназир эълон карданд, вале аллакай имрӯз аксари он осорро касе намехонад ва барҳақ ба рӯи онҳо ғубори фаромӯшӣ нишастааст.
Аҳли адаб, зиёда аз он китобхонони ҷиддӣ ва пурмутолиа имрӯз он мунаққидонеро, ки дар банди гурӯҳбозӣ ё маҳалпарастӣ вомондаанд, нек мешиносанд ва ҳамчунон онҳоеро, ки худро адабиётшинос вонамуд карда, вале амалан мустақилона неку бади осори адибро ҳаргиз фарқ кардан наметавонанд, низ медонанд. Баъзе аз ин тоифа аз афти кор барои раҳбарони адабиёти мо муваққатан бошад ҳам, даркоранд, зеро гоҳе обзори осори адабии солро ба ин шахсон вогузор карданашонро ҳама гувоҳанд. Сипас чора чист?
Бояд худи адибон қатъитар ба танқиди адабӣ даст зананд. Алҳол илоҷи корро дар ҳамин мебинам. Агар як гурӯҳ адибоне, ки имрӯз беҳуда ба шеъргӯию ҳикоянависӣ умрфарсоӣ мекунанд, ба ин кор даст мезаданд, шояд барои адабиёт хидмати шоиста менамуданд. 1983

пешина
аз 393
навбатӣ