Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Сатрҳо бефурӯғу безинҳор,
Маъниҳо обшустаю беранг,
Шеъри дилнописанд шуд бисёр, Омад аз шеъру шоириам нанг.
Чаро танқиди адибии мо то ҳол кӯшише надошт, ки онро пешгирӣ кунад? Ашъори ҷавоншоирони имрӯзаро боре бо назари таҳқиқ нигаред. Барои таҷриба шеъри якеро ба дигаре нисбат диҳед, ҳеҷ кас аҷаб намекунад.
Чаро? Ин ҷавонон дар шеър садои хос ва симои худро надоранд. Садои хосу симои худро надоштани эҷодкорон далели он аст, ки онон истеъдод надоранд. Ба фикрам, шеъри мо даҳ соли охир дар як ҷо пойкӯбӣ дораду қадаме ба пеш наниҳодааст. Аммо мунаққидон ба тавсиф саргарманд ва агар ба танқид даст бардоранд ҳам, мушти онҳо ба сари ягон тан ҷавоншоирони бечора ва ё шахси бемансабе мефарояд.
Баъзе мунаққидони мо азбаски ба касбу кори худ бетайёрӣ ва қобилияти зарурӣ шурӯъ намудаанд, баъзан асарро саросема, бе андешаи амиқ аз рӯи фаҳмиши танг, гоҳе ғалат ва яктарафа, гоҳе аз рӯи ҳукми ҳамсӯҳбатону ҳамнишинони худ баҳо медиҳанд. Ин ҳол танқидро бетаъсир кардааст. Ҳар он чи мунаққид менависад бояд одилона, пухтаю санҷида бошад, саҳеҳ шавқовар, гиреҳкушои асари адиб бояд бошад. Мунаққид бояд асрори ҳусни асарро, барои хонанда кашф кунад. Агар аз ҳукми ӯ бӯи ғараз ва нотандеҳӣ ояд, хонанда ҳақ дорад дигар ба навиштаҳои ӯ бепарво монад.
Кадоме аз адибони пешин гуфтааст, ҳоло ёд надорам, вале ҳақ аст, ки танқиди адабӣ баъзан чӯткаи дуруштеро мемонад, ки он барои тоза кардани либоси нафис ҳаргиз ба кор намеояд. Вай онро лах-лах мекунад.
Ҳикмати ин суханон дар он аст, ки ба ҳар як асари комили адабиёти бадеъ танқиди адабӣ мебояд бо эҳтиёт кордор гардад.
Имрӯз афкори бебунёд ва сабуксорона эътибори сухани баъзе мунаққидони моро хеле паст задааст. Ақида-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё