Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мувофиқати тамом дошта бошад.
Миёни китобҳои дарсии имрӯз ман аз маърифат бо “Адабиёти ватан” барои синфҳои чорум хеле қаноатманд будам. Ин китоб ба назари ман пухтатар расид. Эроди ман ба ин китоб ҳамин аст, ки аз осори Лоҳутӣ манзумаи “Офтоб дар қатра”, агарчӣ мазмунан ба кӯдакони ин синн фаҳмрас ва мувофиқ аст, аммо вазни шеър барои қироати дурусти бачаҳо мушкилӣ дорад. Ба ғайр аз ин, дар боби “Хониши мустақилона” агар аз тозатарин падидаҳои адабиёти мо намунае чанд барои бачаҳо пешниҳод мегашт, беҳтар буд.
Азбаски рӯи суханам ба ҷониби китобҳои дарсии кӯдакон аст, дар боби “Алифбо” сухан нагуфтан наметавонам. Ин китоб солиёни дароз ба нафъи миллати мо хидмати шоиста дорад, дар тӯли ин солҳо хеле такмил ва тавфиқ ёфтааст, аммо талаби имрӯзро пурра қонеъ намесозад. Дар матни он ҳанӯз ҳам нуқсонҳо кам нестанд, махсусан, аз ваҷҳи услуб, маънии тозаву ибратомӯз ва шавқоварию рағбатангезӣ.
Ман аз мобайни ин китоб таваккалан пай дар пай чор варақро гирифтаму ҷумлаҳои ғалат ва ба қоидаи забони мо хилофи онро навиштам. Инак, мулоҳаза фармоед:
“Раҳим ба гурба оши угро хӯронд”. (саҳ. 42).
“Салим ва Егор — ду дӯст”. (саҳ. 43).
“Онҳо дар сайр”. (саҳ. 45).
“Колхози мо пахта кишт. Онро нағз парво карданд”. (саҳ. 48).
“Онҳо майна қапида ба пеши мо омаданд”. (саҳ. 50).
Иллати ин ҷумлаҳо азбаски аён аст, ба таҳлил ҳоҷат набудагист.
Шеър, панду ҳикмат ва чистонҳои “Алифбо” ҳам хеле умумӣ, камтаъсир, баъзе сохтаву бофта ва сахт ноқи санд. Ин аст намунаи чистони ин китоб:
“Худаш сандуқча барин,
Сандуқи думдор лекин.
Гап намезанад, мехонад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё