Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
кай он луғатҳоро мефаҳманду идрок месозанд. Ман аминам кӯдакон агар дар синни кӯдакӣ он луғатҳои заруриро нашиносанд, дар умр дигар ҳаргиз нахоҳанд шинохт.
Дар гузаштаи начандон дур падару бобоёни мо дар ин синн “Гулистон”-и Саъдиро хонда, ҳифз мекардаанд.
Прог-раммаи мактабҳои русиро боре нигаред, кӯдакон дар синфҳои чору панҷ “Левша”-и Лесковро мехонанд.
Боист ба назари эътибор гирифт, ки солҳои охир дар синфҳои поёни мактаб илми пешинаи ҳисоб не, математика меомӯзанд, ки дорои унсурҳои алгебра аст.
Фанҳои ҷуғрофия ва табиатшиносиро ҳам хеле мураккаб ва фарохтар таълим медиҳанд. Аммо аз чи бошад, ки ин пешравӣ, ки махсуси айёми инқилоби дуюми техникӣ аст, ҳанӯз ба китобҳои дарсии забону адабиёти тоҷик асар накарда аст. Дар саҳифаҳои китобҳои дарсии бачагонаи мо мазмун ва рӯҳи имрӯзии забон ва адабиёти тоҷикро эҳсос намекунед. Ҳанӯз ҳам ба кӯдакон бо ҷумлаҳои хандаовари аз қабили “Ман талаба мебошам, вай талаба мебошад” каломи тоҷикӣ меомӯзем.
Муродам аз ин гуфтаҳо аслан ва мутлақан ба фазлу камоли мураттибону муҳаққиқони адабиёт шак овардан нест, вале китобҳои дарсӣ, ки ҳар яки моро ба равнақи фардо ва отияи миллату ватани азизи худ умедвор мекунад, бо нуқсону норасоиҳо дили маро ҳам мехарошад, ҳар гоҳе агар аз ин боб биандешам, хеле авқот хотирпареш мешавам. Ҳар сол чандин ҷавонро ба узвияти Иттифоқи нависандагон ҳамчун мунаққид қабул мекунанд, аммо ба китобҳои дарсӣ, дарсии тарҷимавӣ сари вақт ҳеҷ кас тақризе наменависад. Гурӯҳе аз мунаққидону муҳаққиқони мо ба ночизтарин осори якдигарӣ мақолаҳои иғроқомез менависанд, аммо ба ин кори муҳим даст намезананд. Ба фикрам, мо дили бузург ва виҷдону масъулиятмандии азими гражданӣ надорем.
Ҷамъияти мо имрӯз имкони комил дорад китобҳои хуби дарсӣ тасниф созад, ки ба талаби ҳамзамонони мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё