Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

форсию тоҷикӣ дар васфи Самарқанд шеър гуфта ва он байтҳо то ба замони мо расидаст.

Самарқанд қандманд,
Базинат кӣ афканд?
Аз Чоч то биҳӣ,
Ҳамиша ту зиҳӣ.

Агар осори илмию адабии фарзандони ин модаршаҳри Машриқзаминро дар тӯли ҳазор сол ҷамъ оварем, бе ҳеҷ муболаға китобхонае комил оростан метавон. Дар ин муддати мадиде, ки мардумони ин диёр ба илму адабиёт машғул буданд, таърих ёд надорад, ки дар ин шаҳр китобе бадеъ ба шеваи туркӣ ё муғулӣ эҷод гашта бошад, илло қиссаи лашкаркашиҳои харобиовари Темури чиғатойӣ ва ворисони ӯ дар асрҳои сонӣ.
Мо — намояндагони адабиёти тоҷик ин ҳама таърихи куҳнаро пеши назар меовардему ҳар лаҳза эҳсос мекардем, ки дар рӯ ба рӯ ин таърихи шукӯҳманд, дар ҳузури ворисони он бузургони суғдизабон сухан гуфтан осон нест.
Ману Ҷӯра Бақозода агарчи зодаю парвардаи обу хоки шаҳру вилояти Самарқанд будем, солҳост, ки дур аз канори он монда ва дар сари ҳар қадам қарзи фарзандӣ ба ёд меовардем.

Эй Самарқанди куҳан, назди ту ҳастам қарздор,
Қарздорам пеши ҳар як куҳнахиштат дар ҳаёт,
Қарздорам пеши пирони ту, эй хуррамдиёр,
Қарздорам пеши ҳусни духтарони дилработ.

Дар назари аввал маро чунин менамуд, ки фақат бахше аз зиёиёни Самарқанд ба адабиёт ва ҳунару санъати тоҷикон сахт дилбастагӣ доранд. Аммо мулоқоти мо бо мардумони оддӣ дар корхонаҳо, чойхонаҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳо собит кард, ки ин одамон ҳама ташнаи каломи фасеҳи тоҷикӣ, шеъру тарона қиссаю ҳикоёти адибони тоҷиканд. Дар ҳама ҷо мардум аз мо савол мекарданд:

пешина
аз 393
навбатӣ