Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
айнан дар китоби саридастии кӯдакон сабт буданд.
Инак, наметавонам аз гуфтани он худдорӣ кунам, ки ин гуна матнҳои аз ҷиҳати маънию мантиқ хароб, аз назокату салосати забони фасеҳи тоҷикӣ бебаҳра, безавқу гӯшхарош дар сар то сари китобҳои дарсии кӯдакони мо дучор мешаванд. Намунае аз саҳифаи 28 “Китоби хониш”-и синфи ду:
“Бевазан пай бурд, ки ин ҳамон фароштуруки табобат кардаи худи ӯ мебошад. Бевазан тухми кадуро дар полиз корид ва аз он чунон як кадуи калон рӯид, ки бевазан ин хел кадуро дар умраш надида буд.
Вақте ки каду пухта расид, бевазан онро…” Дар се ҷумлаи пай дар пай, чор бор бевазан, дар як ҷумлаи он се бор каду ва ду бор бевазан такрори гӯшхарош аст, охир! “Гар нашнидӣ, зиҳи димоғе, ки турост”.
Ҳар касе, ки андаке аз назокати каломи тоҷикӣ воқиф аст, оҳангҳои нафису борики онро эҳсос мекунад, хуб мефаҳмад, ки ин ҷумлаҳо чи қадар дурушту пурнуқсонанд.
Ҳар як китоби дарсӣ пеш аз ҳама мебояд, ки дастури завқи солим ва ҷаҳонбинӣ бошад. Аммо матни китобҳои забону адабиёти синфҳои поёни мо аксаран аз суханони печу обшуста иборатанд, бачаҳоро дилгир мекунанд, ба онҳо ғизои рӯҳию маънавӣ намебахшанд, ба ҳайрат ва андеша намеоваранд, пеши назари онон оҳанг, рангу бор ва ҳусну назокати каломи модариро собит намекунанд.
Инак, мулоҳаза фармоед:
“Рӯзи Якуми Май иди байналхалқии ҳамаи меҳнаткашон аст. Дар атрофи чойхонаи колхоз гулҳои хушруй бисёранд. Ман ҳар рӯз пас аз шустушӯй мӯйҳоямро шона мекунам, чой менӯшам ва дар вақти муайян ба мактаб меравам. Ҳар бегоҳӣ дарсамро тайёр мекунам. Аз пеши дари мо ҷӯй мегузарад…” Ин ҷумларо аз ҳар ҷо чида нагирифтаем, балки аз як пора матни саҳифаи 13 китоби “Забони тоҷикӣ” аст, ки шогирдони синфи сеюм аз он забономӯзӣ доранд ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё