Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ОИНАИ ФАРДОИ ФАРЗАНДОН
Боре духтарчаи ман, ки он сол дар синфи дуюм мехонд, аз мактаб омаду хушнуд ба ман хабар дод, ки имрӯз дар синф нақли хаттӣ навишта, баҳои аъло гирифт. Пурсидам:
— Аз чӣ хусус навиштед?
— Дар бораи баҳор навиштем, — гуфт вай.
— Хуб, ту роҷеъ ба баҳор чиҳо навиштӣ?
— Ана дафтарамро бинед, — вай бо ифтихор дафтарашро ба ман пешниҳод кард.
Ман дафтари ӯро кушодаму хондам: “Дар аввалҳои феврал барфҳои саҳро об мешаванд. Дар зери партави офтоб буғи замин мебарояд. Садҳо трактор ба заминронӣ медароянд. Дар заминҳо гандуми баҳорӣ кишта мешавад…” ва ғайра. Сипас аз ӯ савол кардам:
Калимаи “партав” чи маънӣ дорад медонӣ?
— Ҳа… партав… ин нур… нури офтоб.
— Дуруст гуфтӣ, партав нур аст, нури офтоб, нури маҳтоб, чароғ… Аммо партав ҳарорат нест, чаро аз он буғи замин мебаромадаст?
— Намедонам, — гуфт духтарча китф боло кашида.
Ман “истинтоқамро” идома додам:
— Сонӣ ту ин қадар дурӯғро аз куҷо ёфта навиштӣ?
Охир, имсол зимистон дар диёри мо аввали моҳи январ оғоз ёфту то миёнаҳои моҳи март барф борид-ку! Солҳои дигар ҳам аввали моҳи феврал одатан сармо мехурӯшад.
Агар рӯзҳои офтобӣ бошанд ҳам, замин лой мешаваду трактор “заминронӣ” карда наметавонад. Фақат баъзе солҳое, ки зимистон хушк меояд…
— Ман дурӯғ нанавиштаам… — маҳзун сар аз хиҷолат боло набардошта худро сафед мекард духтарча. — Муаллима ҳамин хел хонданд. Мо бо диққат гӯш кардему сонӣ навиштем. Ҳама ҳамин хел навиштанд.
Пай бурдам, ки духтарчаро аз банду басти шаблони мактабӣ озод кардани ман мушкил аст. Сипас, “китоби хониш”-и ӯро кушода дидам. Ин ҷумлаҳои харобу беранг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё