Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хона фарзанд буданаш, дили Занҷирро ба даст меоварад...
Ин ҳам як навъи муҳаббати булҳавасона аст, балки муҳаббат гуфтанаш ҳам ҷоиз набошад, он бештар ба ҳирс ва ҳисси шаҳвати инсони ҷоҳилу камшуур монанд аст.
Муҳаббати ҷавони дигари имрӯзӣ, инҷинери соҳибмаълумот Кабир ба Занҷир низ самимӣ нест. Вай аз ночорӣ ба Занҷир арзи муҳаббат мекунад, зеро падару модар хонадор шуданашро тақозо доранд. Аслан, вай мехоҳад, ки ба ягон духтари сарватманд ё хешу ақрабояш бонуфуз хонадор шавад, соҳиби мошин ва мансаб бошад.
Бинобарон, Занҷирро ба Фотима ном духтари бадгарду дилнописанд тарҷеҳ мекунад.
Фотима типи духтарони бо пули безаҳмати падар ба ҳарзагадӣ ва мӯдпӯшиҳо одат гирифтаест. Ӯ дар кӯчагардӣ ва базмнишиниҳо, ресторанравиҳо машҳур аст.
Ҷавонони зиёде ба вай рози дил кардаанд, рақсидаанд, гуселаш кардаанд... Аммо оқибат рафта аз деҳаи худ ба ҳамон духтарони дар назари Фотима қафомондаю бемаданият хонадор шудаанд.
Фотима маънии аслии маданияту маърифати инсонҳоро намедонад. Ӯ бехабар аз он аст, ки дар айёми кайҳонкушоиҳо ҳам зан номуси мард аст, модари аз ҳар олоише поку мубаррои фарзандон, тимсоли назокат, шарму ҳаё, заҳмату ғамгусориҳо ва меҳрубониҳо бояд бошад...
Савол: Оқибати муҳаббати саросемавор, булҳавасона ва кӯркӯронаро ҳама медонанд: пушаймонӣ, хонавайронӣ, бадбахтӣ, бебарорӣ... Сабаб чи бошад, ки ҷавонон аз он худдорӣ намекунанд?
Ҷавоб: Сабаби ба ин кӯй қадам мондани инсон ба фикри ман, каммаърифатию камхирадӣ аст. Баъзе ҷавонону духтарон дар шитобанд: ҳарчи зудтар ҳамсари ояндаи худро ёфтан мехоҳанд. На ҳунар, на донишу истеъдод, на мақоме дар ҳаёт, метавон гуфт, ҳанӯз дар дасти умедашон бод. Онҳо ҳеҷ огоҳӣ надоранд, ки дар ин ҳоли зор бо духтарон арзи муҳаббат кардан мантиқ надорад.

пешина
аз 393
навбатӣ