Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ле оқибатуламр дидам, ки зану духтари худи онҳо ба кӯи бадгардӣ ва бадахлоқӣ афтодаанд. Гуфтаҳои пайғамбарони Саъдӣ ёд меояд:

Макун бад ба фарзанди мардум нигоҳ,
Ки фарзанди хешат барояд табоҳ.

Савол: Дар повести наватон ишқи маҷозии баъзе одамони айёми маро тасвир кардед. Як-ду сухан мегуфтед.
Ҷавоб: Якчанд сол аст, ки повести наве менависам.
Ин қисса аз ҳаёти мардуми имрӯз аст ва каҳрамонони аслии он ҳоло ҳаётанд ва шояд онро хонда баъзе касон саргузашти онҳоро бишиносанд. Қиссаро “Агар вай мурд мебуд...” унвон кардаам. Қаҳрамони он говдӯшдухтари деҳотӣ — Занҷир аст ва бештарин воқеаҳо, одамон аз назари ҳамин духтар баён ва тасвир мешавад. Занҷир духтари хушгил ва хушсират аст. Бисёр касон умед доранд, ки дили ӯро ба даст оваранд. Баъзе бо муҳаббати сидқӣ, баъзе бо ҳусни ҷавонӣ ва ҳунар, баъзе ба василаи сарвату пул.
Ҳоло баъзе мардумоне пайдо шудаанд, ки ошкоро мегӯянд: пул шикаст намехӯрад! Иддае барои ин даъвои худ аз таърих мисолҳо ҳам меёбанд. Бале, замонҳое буданд, ки пул ҳокимият мекард, шикастро намедонист.
Дар дунёи қадим дар ивази 50 ҳазор динор сари нотиқи машҳур Сисеронро бурида, ба пеши пои Марк Антоний афкандаанд, мо медонем, барои сари Карли якум аз ин ҳам зиёд — 4 милюн доданд...
Яке аз қаҳрамонони повести ман аз қабили пулдорҳои имрӯзӣ аст ва гумон дорад, ки ба пул ҳама чизро харидан метавон. Ӯ ҳеҷ хабар надорад, ки замони мо, қонунҳои мо ба майлу муроди вай мувофиқ нестанд. Ман дар муқобили муҳаббати самимӣ шикаст ёфтани пулу сарватро тасвир кардам. Бадалбеки пулдор амин буд, ки қатъи назар аз номувофиқии синну солаш ва падари як

пешина
аз 393
навбатӣ