Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Чи хизмат? Чи шуд? Охир, гап занед!
— Дар роҳ милиса ҳастай? — ронанда бо кафи дас таш ба китфаш зада ишора мекунад, яъне “пагон”-дор гуфтанист.
— Нест, надидаам, — мегӯям тааҷҷуб намуда. — Милисаро чи мекунед?
Раҳораҳ боз дар се ҷо маро аз роҳ дошта милисаро пурсон шуданд. Маълумам гашт, ки ин ронандагон аз сохтмонҳои шаҳр хишту семент ва дигар ашёи бинокориро дуздида мебурдаанд, як нафар ронандаи аз тарафи деҳа омада чароғашро даргиронда ишора кардаст, ки дар деҳа милиса ҳаст. Милисаҳо ҳам барои ба ашёи дуздӣ шарик гаштан дар ин ҷоҳо раҳпоӣ мекардаанд.
Ман ҳангоми сӯҳбат ба бачаҳо ин воқеаро гуфта, тафсилоти кори ронандагон ва ҳақиқати кори деҳотиёнро пурсидам.
— Сокинони деҳаатон шағалу сементро асосан аз куҷо мехаранд?
— Аз куҷо? — Аввал ҳайрон буданд бачаҳо. Онҳо аз ин хусус ғолибан ягон бор фикр накарду будаанд.
Баъд ягон-ягон эзоҳ доданд:
— Ронандаҳои сохтмонҳо мебиёранд...
— Пул меорад, муаллим пул!
— Агар семент ё хишти овардагиашонро ҳеҷ кас нахарад, чи мекунанд? — боз мепурсам.
Бачаҳо ба рӯи ман чунон ба ҳайрат менигаранд, ки хандаам меояд. Сипас Насриддин воқеаро ба ёд оварда мегӯяд:
— Як моҳ пештар як мошин гили андоваро ҳеҷ кас нахаридаст, ронанда аз деҳа берун рӯи раҳи асфалт рехта рафтаст. Баъди як ҳафта дидам, мардум ҳамонро ҳам тарошида бурдаанд.
— Шаҳриҳо моли дуздиро намехаранд, — гуфтам ман, вале филфавр дурӯғи худро пай бурда эзоҳ кардам:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо