Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Русия хеле камтар гӯшт мехӯранду равған ва ғизои дигар, камтар пул мегиранд... магар яке аз сабабҳои нописандӣ ба молу мулки колхоз аз ҳамин сабаб нест? Албатта, китоб нахондану бемаърифатии мардуми моро сабаб камбизоатӣ нест — китоб дар мамлакати мо аз ҳар чи арзонтар аст. Аз ин хусус ман борҳо бо Насриддин ҳамсӯҳбат будам. Ӯ китоб намехонад, баъзан филмҳои шавқоварро тамошо мекунад, ба филмҳои дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва ташвиқотӣ ҳеҷ рағбат надорад, он ҳамаро “Палитка” мегӯяд. Маънии ин калимаро пурсидам, гуфт:
— Маънии “палитка” дурӯғу фиреб-да... Ҳамин тавр не, муаллим? — Вай дар шубҳа ба чашми ман менигарад.
Ман “палитка” аз лафзи “политика”-и русӣ буданашро ба ӯ мефаҳмонам.
Боре ман дар ҳузури падараш ба насиҳат забон кушодаму гуфтам, ки дар ҷавонӣ бояд ҳар инсон китоб хонад, вагарна нодону тирабахт хоҳад гашт. Падар суханони маро ба сарҷунбонӣ тасдиқ карду гуфт:
— Медонед, муаллим, аз як одами доно шунида будам, ба ҳазрати пайғамбарамон савол доданд, ки ба одам аз ҳама чиз чӣ заруртар аст, он кас гуфтаанд, ки ақли модарзод. Агар ақлаш набошад, сони илм омӯзад ё пулу мол ёбад, то ки ҳама айбашро пул кати пӯшад...
Мардак қиссаи Бузургмеҳрро ба таври ноқис аз касе шунида будаст, ки онро нақл мекард ва ғолибан бо ҳамин ҳикмати шубҳанок нуқси дар тарбияву таълими фарзандонаш гузаштаро рад кардан мехост ё худро таскин медод, маълум набуд.
...Мошинсавор аз деҳа ба сӯи шаҳр меравам. Мошини бетонкаше сари роҳ истодаст. Ронанда маро боздошт. Гумонам мошинаш вайрон шудаву ёрӣ металабад. Гашти мошинро суст карда мепурсам:
— Чӣ ҳодиса шуд?
— Биист, биист... — ба таъкид даст меҷунбонад ронандаи миёнсоле аз кабини мошинаш берун ҷаҳида.

пешина
аз 393
навбатӣ