Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ХАРИ КӮРУ ОҒИЛИ ТАНГ
Ин тақриз ба дастнависи маҷмӯаи як нафар ҳаваскори адабиёт навишта шуда буд. Азбаски маҷмӯа номатбӯъ аст, номи муаллифро зикр накардем. Нашри тақризро зарур мешуморам, зеро инчунин ҳаваскорони адабиёт кам нестанд.
Ба аҳли дониш пӯшида нест, ки шеър аз ҷинси хеле нафиси ҳунари суханварист ва бинобар он ҳам, онро назм ном кардаанд, яъне, бонизому батартиб сухан гуфтан аст. Аммо дар солҳои охир иддае аз ҳаваскорони адабиёт ба ин ҳунар бидуни ҳеҷ тайёрӣ ва саводи кофӣ даст мезананд. Дар аввал шеърҳои навмашқонаи ононро ба умеде нашр мекунанд, ки муаллифи ҷавон дилгармӣ ёбаду дар сари шеъри худ ҷиддитар кор кунад, донишу маҳорати худро ба такмил расонад. Аммо на ҳамеша ин кишти умед ҳосиле медиҳад, балки аксар ҳангом навмашқонро ба шитобкорию хомгуфторӣ илқо менамояд.
Китоби нахустини ин шахсро ҳам аҷаб не, нашриёти “Маориф” ба умеди тавфиқи шеъри ӯ ба нашр расонда буд. Ҳоло, ба назари ман чунин меояд, ки ӯ ин нашриётро охурчаи пастак ангоридаст ва ҷаҳдаш бар он аст, ки ҳар хому хаталаи ӯро нашр мекунанд, илло ба таҳдиду тааддӣ.
Биёем ба сари маҷмӯаи ӯ: мусаввадаи маҷмӯаро хонда, аз варақи аввал беэътиноии муаллифро ба сухан ва суханварӣ мебинеду ҳайрон мешавед, афкори соддалавҳона, қолибзада ва умумигӯиҳои кайҳо пешипошударо мутолаа мекунеду ангушти тааҷҷуб ба дандон мегазед, ки ин марҳаларо кайҳо дар адабиёти мо тай карда, гузашта буданд. Ба ин сатрҳо, ки матлаъ ё сарбайти як “шеъри” ин шахси ҳаваскори шоирӣ мулоҳаза фармоед:
Дирӯз пахта чидам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо