Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди гусели котиб Султонов ба соаташ нигаристу гуфт:
— Чоряки кам ду. Дар соати ду мухобират шурӯъ мешавад.
Мо хомӯш ба сӯи деҳа роҳ гирифтем.
Дили маро гургон мехарошиданд: “Ҳамин мухобират дар ними шаб зарур бошад?.. Метарсам, ки ҳамин ҳам як навъ сохтакорӣ ё худ “кашфиёти навбатии” котиби райком — хӯҷаини мутлақи обу замин, молу ҳол, одаму олами ин ноҳия бошад... Чаро дар мамолики мутамаддини олам бе ингуна валвалаҳо деҳқонӣ мекунанду мо не? Чаро-о?! Дирӯз раис мегуфт: “Дидед, чи хел деҳқонони мо кӯҳро ба кӯҳ мезананд...” Хостам, ки бипурсам, чи суд аз он ки кӯҳро ба кӯҳ мезананд? Маишаташон беҳтар мегардад? Иморати сеошёна бино мекунанд? Аз маошашон мошин мехаранд? Ҳаргиз. Агар мошин харанд ҳам аз пули полизашон ё молашон...
Ҳақиқати ақидаи ман ана ҳамин тавр аст, раис...
аммо ин маъниро шумо намефаҳмед. Аз ростӣ ба шумо, ба ҳоли ин халқ дилам месӯзад, аммо чӣ кунам, ки...

Январи соли 1983

пешина
аз 393
навбатӣ