Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мондааст, ба каф гирифта менигарист, тозагии молҳо ва зери пойро аз назар мегузаронд. Баъд аз хусуси ташкили кору равғаннокии шир, эҳтиёҷи молдорон лаҳзае гуфтушунид карду мо аз дарвозаи ферма берун шудем.
Ба мошин савор нашуда газике омада дар таҳи дарвоза қарор кард. Аз мошин котиби райком берун шуду маро ҳамроҳи раис дида, тааҷҷуб кард.
— И-и!.. Шумо дар ин бевақтшаб чӣ мекунед?
— Нони сахти нависандагӣ осон ба даст намеояд, — гуфтам ман ҳазломез ва дасти ӯро фишурдам.
Мо ҳамроҳи котиб ба ферма ворид шудем. Котиб раҳораҳ аз раис ва мудири ферма савол мекард:
— Ними моҳро ҷамъбаст кардед?
— Ҳо... Натиҷа бад нест... Ба говдӯшони зарбдор рӯмолу либосвор ва пул подош додем. Ба ду нафар унвони “Зарбдори меҳнати коммунистӣ...” “Чаро дар кишварҳои мутараққии олам мардумон бе ҳамин навъ гапу калочаи беҳуда ва сохта кор мекунанд, даромади зиёд мебардоранду мо аз қайди ин бемаънигариҳо ҳеҷ раҳоӣ намеёбем?” — мегуфтам ба дил.
Аммо аз ин хусус бо котиб ва раис сухан кардан беҳуда буд...
— Киҳо подош гирифтанд? — гӯё ин барояш аҳамияти бениҳоят муҳим дошта бошад, батафсил мепурсид котиб.
“Балки ҳамаи ин шабгардиҳои ин касон сохтакориест барои мухбирро ҳайрон кардан ва дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ба тамоми ҷумҳурият валвала андохтан...” — Дили ман ба ҳазор кӯй мерафт, бинобар он, ба ҳар як сухан, ба ҳар як қадами ин касон шубҳаангез менигаристам.
— Чаро ин поруро аз миён набардоштед?.. Барои ток хавоза бардоред гуфта будам...
Котиби фирқа боз чанд эроди худро ба кори молпарварон гуфт, чанд маслиҳат дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ