Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дорад, дар қабати якум — дастгоҳҳои электронии назорат ва ҳисобу китоб ва ғайра асбобу ускунаи ғизодиҳию парвариш, ҷамъоварандаи ҳосил. Деҳқон аз хона берун нарафта вазъи киштзорро мефаҳмад ва тугмаҳои заруриро пахш мекунад. Яке ба кишт ғизо медиҳад, дигаре заминро намнок мекунад, сеюмӣ ба тухмпошӣ шурӯъ менамояд... Чунон ки комёбиҳои охирини илм шаҳодат медиҳанд, ингуна тарзи киштукор ҳоло афсонаи маҳз нест. Дар кишварҳои мутараққии Аврупо ҳоло ҳамагӣ чор фоизи аҳолӣ бо киштукор машғуланд. Дар мамлакати мо усули гидропоникаро таҷриба кардаанд. Бо ин усул растаниро бехок сабзонида, аз он нисбат ба тарзи маъмулӣ чор-панҷ маротиба зиёдтар ҳосил гирифтан мумкин аст. Алҳол ин усул феълан аз он сабаб ривоҷи шомил наёбад, ки харҷи зиёд металабад. Дар Армения, дар канорашаҳри Ереван рӯи санглохи бехок полизи сабзу хурраме нашъунамо дорад. Ба решаи гиёҳи ин полизи бехокзамин ба василаи лӯлаҳо ғизои моеъ мефиристанд. Насос баробари ғизобахшӣ барои зироат кори шушро адо мекунад: ғизо медиҳаду аз вуҷуди гиёҳои углекислотро берун мебарад ва он гоҳ решаҳо аз кислород нафас мекашанд. Дар ин полиз геран панҷ бор афзунтар аз парвариши маъмулӣ равған дода ва аз мӯлҷали муқаррарӣ як моҳ барвақттар расидааст... Балки усули заминдориамон ҳам то он айём дигаргунӣ пазирад. Бо ин қадар обу замини аъло, мардуми коргар чаро ин колхоз доим қарздор, деҳқононаш бенаво аст?..
Баъд ман аз хусуси коргузории раиси колхоз биандешидаму ба худ гуфтам: агар ба гирди худ фаъолонро муттаҳид кунад, бешак ӯ бо ин ғайрату шавқе, ки ба кор дорад, колхозро пешрав мекунад, вагарна як кас дар ҳама ҷо чашму гӯш будан наметавонад. Агар косалесу тамаллуқпешагон ӯро ба доми худ накашанд. Не, Бӯрибой Султонов ҳокиму омири нафси худ аст, марди фозил,

пешина
аз 393
навбатӣ