Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Аҷиб... — тааҷҷуб кардам ман. — Ҳар шаб?
— Ҳар шаб.
— Ман метавонам дар ин мухобират ҳозир бошам?
— Бемалол.
— Ташаккур. Хуб, то соати дуи шаб ба чӣ кор машғул мешавед?
— Ҳоло меравам... Ду ҳамсоя номуросоӣ доранд, ҳамроҳи раиси ҷамоа қазоват мекунем... Сонӣ, маслиҳати тӯйи як хонавода ҳаст... Баъд ба идора меоям.
Соати як меравам, вазъи шудгорро менигарам, аз он ҷо гузашта ба фермаи моли ҷӯшоӣ медароям...
— Ба сари шудгор ва ферма ман ҳамроҳатон равам, мешавад?
— Ихтиёр доред.
Ман бо Бӯрибой Султонов хайрухуш карда ба меҳмонхонаи колхоз омадам. Лаҳзае сар ба болин ниҳода, хастагии рӯзи пурдавуғеҷро рафъ кардам ва сипас ба сари миз нишаста мушоҳидаву таассуроти имрӯзаро дар дафтарчаам сабт намудам.
Раис имрӯз аз боби фардои заминдорӣ ва зироат сухан карда гуфт, ки дар асри бисту якум, аҷаб не, ба ҷои химия ва нуриҳои маъдан дар зироат усули инҷинерии ирсӣ ҷорӣ шавад. Ирқшиносон ба ҷои нуриҳои химиявӣ ва заҳрҳои гуногун зидди ҳашарот ва касалиҳо микробҳоро ба кор мебаранд. Ӯ мегуфт: “Ба зироат, асосан, азот, фосфор ва калий зарур аст. Микробҳое ҳастанд, ки аз ҳаво азот ҳосил мекунанд. Инҷинерии ирсӣ метавонад чунин навъҳои зироатро кашф кунад, ки аз ҳеҷ ҳашарот ва касалӣ осеб намебинанд...” Дар асри бисту як ин киштзорони мо чӣ сурате хоҳад гирифт, ман дар тасаввур овардам: киштзори тахту ҳамвор ва бепоёне ба андозаи 200-300 гектар. Дар миёнаҷои он иморати хушсохти дуқабата ба ранги осмонӣ. Дар қабати дуюми он хонаводаи деҳқон иқомат

пешина
аз 393
навбатӣ