Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ягон роҳи соз нест. Ният дорем дар чор-панҷ сол тамоми роҳҳои деҳаро мумфарш, роҳи саҳроро ҳеҷ набошад, шағалрез кунем. Ба фикрам, роҳи соз бевосита василаи равнақи иқтисодиёт аст. Иқтисодиёт ҳоло аз сарфакорӣ ибтидо мегирад. Роҳ соз бошад, мошину трактор, пахтаву мева ва дигар ҳосил камтар нобуд мешавад. Умуман, ободии деҳа одамонро ба кору зиндагӣ, ба фардои фарзандон дилгарм мекунад, як навъ ҳисси муҳаббат ва ифтихор мепарварад, дар деҳа барои ҳар як кас кори мувофиқи табъ ёфт мешавад. Дар айёми мо ин ҷиҳати корро ба назари эътибор нагирифтан кӯтоҳбинӣ аст...
Дар деҳа ҷаҳду талоши раиси нав, интизомталабии ӯ боиси гуфтугузорҳо буд. Яке мегуфт, ки ҷавонмарди ғайратманд аст, чашм нарасад, корамон соз мешавад, вале касоне ҳам буданд, ки лоқайд таъкид мекарданд:
“Чӯҷаро тирамоҳ шумурдан даркор аст”. Нобоварон ҳам буданд, ки даст афшонда “кӯзаи нав обаш хунук аст, ҳолӣ ҳавсалааш пир нашудаст” мегуфтанд.
Султонов миёни тирамоҳ дар колхоз ба кор шурӯъ карду ғунучини пахта шиддат гирифт. Вале раиси дорои маълумоти агрономӣ возеҳ медонист, ки колхоз планро иҷро намекунад. Дар пахтазор ҳосил кам буд. Вай баробари ғунучини пахта аз паи ҷамъоварии хӯроки чорво шуд. Молдорӣ, баъд аз пахтакорӣ, соҳаи дуюми самарабахши колхоз буд.
Шомгоҳон қабл аз хайрухуш ба Султонов рӯ оварда гуфтам:
— Аз афти кор, имрӯз хеле хаста шудед... Истироҳат кунед.
Раис хандид. Сонӣ эзоҳ дод:
— Мо соати сеи шаб аз кор фориғ мешавем. Соати дуи шаб котиб ба воситаи радиотелефон мухобират мекунанд. Дар ҳамаи колхозҳо раҳбарон дар идораи раис ғун мешаванд, аз рафти кору бор ҳисоб медиҳанд, дастур мегиранд. Авзоъи районро фаҳмида метавонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ