Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
китобдӯсту китобхон аст, аз ин рӯ ҳисси борики одамшиносӣ дорад. Дирӯз шеъри “Дили модар” - и Эраҷро аз ёд чунон таъсирбахш бихонд, ба дурустӣ ҳайрон будам.
Қариб соати дувоздаҳи шаб аз кӯча бонги мошин баланд шуд ва ман саросема либосамро пӯшида тохтам.
Раис маро нигарон буд. Чароғи хонаҳои деҳа хомӯш, фақат дар кӯчаи калон қатори чароғон фурӯзон. Мо аз хусуси усули шудгори Малсев сӯҳбат доштем, ки дар он рӯзгорон валвала дошт.
Мошин аз деҳа берун гашту шаби торик гӯё ба сари мо пардаи нилобӣ кашид — дар атроф гӯё холигии сиёҳ буду бас. Дар партави чароғи мошин қисмате аз роҳи пасту баландро медидему бас. Сонӣ чароғи тракторҳо, лаҳзае аз миён гузашту ғурриши моторҳо ба гӯш расид.
Султонов пешопеш, ман аз паси вай ба сӯи тракторе, ки дар васати замини навшудгор аз кор монда буд, рафтем. Мӯзаҳои мо то ними соқ ба гили нарму нам меғӯтид.
— Чор трактор кор мекунад, ин яктааш чаро истода бошад? — гӯё худ ба худ изҳори тааҷҷуб мекард раис. — Таъмирашро назорат мекардам...
Дар сари плуги трактор се тан тракторчиҳо ҷунбуҷӯл доштанд. Дар торикӣ ман чеҳраи ононро аз якдигарӣ фарқ накардам. Онҳо маро дида, баробар аз сари кори худ бархостанд.
— Чӣ ҳодиса? — барои вохурӣ даст дароз карду пурсид раис.
— Чархи плуг баромад, — гуфт яке аз он се тан.
— Ба устохона хабар додед?
— Ҳозир меоянд.
Султонов пинҳон аз дигарон оҳи сабук кашид. Сипас, чуқурии шудгорро санҷид, дуртар рафта боз санҷид.
Вақте ки ӯ баргашта омад саркори тракторчиҳо гуфт:
— Мобайни ин қитъа ҳанӯз лой аст, раис ҳолӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ