Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мақолаҳоро хонда матлабро фаҳмидан мушкил аст, гумонам барои идроки ман осон набошад, вале нашри русии онҳоро мутолаа кардам, ҳама фаҳмову возеҳ аст.” Мудир мақолаҳоро бардошту рафт. Ҳафтае аз миён гузаш ту он мақолот боз дар рӯи мизи ман пайдо шуд. Дигарбора хондам, боз ҳамон ҳол. Баъзе калимотро бо муродифи он иваз кардаанду бас. Мақолаҳо боз ба шӯъба рафт, боз овардаанд, вале дег ҳамон, кафлес ҳамон буд.
Ҳол он, ки барои дурусту саҳеҳ ба тоҷикӣ гардондани он мақолот заҳмати ҳафт-ҳашт тан зарурат надошт, балки як нафар шахси хушсавод метавонист сари мошинкаи чопӣ раваду ҳамаи онро дар тӯли ним соат аз русӣ ба тоҷикии фасеҳ гардонда имло кунад.
Магар ингуна ҷавонони хушсавод ва салиқаашон ба ин кор омил каманд? Имрӯз ҳам коргузорӣ бо мутахассисон дар баъзе идораву корхонаҳои мо ба ин минвол аст.
Баъзе рафиқон майлу ҳаваси ночизи худро меҳвари вазифадории худ мекунанду кори муҳими ҷамъият ва давлат солҳо осеб меёбад. Ҳанӯз ҳам наздикону хушомадгӯёни раҳбарони идораҳои мо парвариш ва сарфарозиҳо меёбанд, вале агарчи кор ба дӯши соҳибҳунар ва ба кор омил аст. Дар назди халқ аз ингуна беинсофӣ хиҷолат ва азоби виҷдон накашидани баъзе раҳбарон нафрати одамони оддиро тез мекунад.
Дарвоқеъ, фақат касоне, ки сазовори мақому мартабаи худ нестанд, аз кору амал дида бештар гапфурӯшӣ мекунанд, аз баҳсу талош парҳез доранд, ба муросою мадоро осуда даврон кардан мехоҳанд. Вақт аст, ки мо муқобили гурӯҳбозию ҳамдиёркашиҳо, зидди беинсофию бевиҷдонии раҳбарони идораҳо ҳам сухан гӯем, зеро маҳз ин тоифа ашхоси пешдаргирон боиси дилхунукӣ аз кору амали ҳалол ва вазифашиносии сидқонаи одамон гардидаанд.
Соати корро ба ҳар навъ гузарондан метавон — ҳам ба номаш даст ба кор буда ва ҳам бо ҷӯшишу кӯшишҳо.

пешина
аз 393
навбатӣ