Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хона коргар, усто, инҷинер, дар табобатгоҳ — духтур ҳамчунон коргузорӣ доранд. Дар натиҷа, аз касолат ва касофати ин зумра маҳсули саноату корхонаҳои мо, кори василаи нақлиёт, илму фарҳанг, маърифату маданият — хулласи калом ривоҷу равнақи тамаддуни ҷамъияти мо сахт осеб мебинад, сифатҳои нодири худро гум карда, дар сари ҳар қадам чун санги сари роҳ ба он пешпо мехурем.
Боре ман дар яке аз корхонаҳои бофандагии Душанбе будам. Бофандадухтаре дар сари дастгоҳи аз кор вомондааш парешону музтариб буд. Ҳолҷӯӣ кардам.
Дастгоҳаш ба чӣ иллате аз кор мондааст. Гуфтам, чаро усто нест? Гуфт: “Кайфаш баланд омаду ба куҷое гум шуд.” Ба тақозои ман ба сари дастгоҳи духтарак устои дигареро оварданд, аммо мудири анборро дар сари кор наёфтанд, то мурвати заруриро бигиранд.
Ҳамчун як амри муқаррарӣ сурат гирифтани ингуна вазъият, ҳеҷ касро ба изтироб наовардани инчунин аҳвол хотири касро мушавваш мекунад. Ашхоси коршикан, коҳилу фориғбол, майхораҳо имрӯз ба ҳадде расидаанд, ки инчунин муомиларо гуноҳ намешуморанд. Ин вазъи хатарнок ва таҳлуковар аст. Бинобар он ҳам, мо имрӯз ба тарзи хеле ҷиддӣ ба лаҷомгирии ин ҳол камар бастаем.
Ин ташаббус ҳам монанди дигар чораҷӯиҳо бо ҷӯшу хурӯш оғоз гирифта бенатиҷа гум нашуданашро мехоҳам.
Дар баъзе муассисоти мо корҳои муҳимро баъзан ба дасти кормандони ба ин кор оҷиз ҳавола мекунанд. Мехоҳам барои далели ин даъво боз як ёддоште оварам: якчанд сол қабл аз ин моро ба як идораи илмиву интишорӣ ба кор даъват карданду муҳаррири назорати адабӣ таъин шудам. Мақолаҳоро баъди таснифи муаллифон ва ё тарҷумаи мутарҷимон ходимони шӯъбаҳо месанҷиданд, мудирони шӯъбаҳо мехонданд ва сипас ба дасти ман мерасид. Боре аз боби ҳунари мусиқию мутрибӣ як даста мақолаҳоро хондаму ба мудири шӯъба гуфтам: “Ин

пешина
аз 393
навбатӣ