Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунон, ки гуфта шуд, дар адабиёти тоҷик адибоне, ки осори муосирони ҷавону ҷавонтарини худро аз пеши худ пайваста мутолаа кунанд, хеле каманд ва муаллим аз ҷумлаи он нодирони давранд.
Соли 1970 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” нахустин ҳикояи ман ба унвони “Бобо” нашр шуд. Доир ба он ҳикояи нахустин пеш аз ҳама метавон гуфт, ки муаллим Миршакар изҳори ақида карда буданд. Як хислати ҳамидаи муаллим ин аст, ки пайваста осори шоиронро ва нависандагонро, чӣ хурду чӣ бузург мутолаа мекунанд.
Дар чунин айёме, ки баъзе адибони мансабдор мусаввадаи адибонро барои хондан мегиранду гум мекунанд, дар ягон ҷо фаромӯш мекунанд, ман ин сифати олиҷаноби муаллимро, ки вазифадор набошанд ҳам, аз пеши худ осори шогирдонро мехонанд, фикрашонро мегӯянд, агар он асар писандашон ояд, сидқан табрик мекунанд, дар ҳар як мавриди мувофиқ аз ин хусус сухан мегӯянду диққати аҳли маъниро ба он ҷалб кардан мехоҳанд, махсус зикр кардан мехоҳам. Дар замони мо хеле кам касон чунин хислати ҳамидаро доранд.
Дар айёми мо, ки аҳли маънӣ инқилоби илмию техникӣ ном кардаанд ва суръати амал бағоят тунду тез аст, андаке сухани дилбардор ва қадршиносӣ ба бузургу ба хурд зарур аст. Ҳайфо, ки бисёр касон ин ҳақиқатро ба ёд намеоранд. Муаллим Мирсаид Миршакар ҳамеша аз рӯи ҳамин ақида амал мекунанду сухан мегӯянд.
Устод Миршакар солҳост, ки ҳамчун раиси Шӯрои адабиёти бачаҳо ва наврасон ин адабиётро аз олоиши навиштаҳои беҳунарона зиракона ва босубот нигаҳдорӣ мекунанд. Вале баъзе аз адибони мо, чунон ки мегӯянд бо ҳазор нағмаи дутор осори хому халтураи ҷӯраю ҳамдиёрони худро нашр карданӣ мешаванд ва аксаран ба ин мақсади худ ноил ҳам мегарданд. Вагарна шеъри бачагон

пешина
аз 393
навбатӣ