Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Борҳо воқеъ афтодааст, ки ман таҳсин ё сарзаниши лутфомези эшонро шунидаам ва ҳар боре баъди он суханон рӯзу шабҳо андешидаам, ба навиштаҳои худ ҷиддитар, аз дур назар афкандаам. Мехоҳам чанд лавҳаеро хотира кунам:
Соли 1968 буд. Баъди симпозиуми назми мардумони форсизабон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, шоирони ҷавони тоҷик дар пайравии ба ном “шеъри нав”-и шуарои Эрон шеър гуфтан оғоз карданд. Мисраъҳо дарозу кӯтоҳ, бандҳо бенизом, қофия харобу нотаъин, мазмун - гаҳ аз осмон меомаду гаҳ аз ресмон. Дигаронро намедонам, вале ман ҳис мекардам, ки ин тарзи гуфтор аз талабҳои ботини ман сар назадааст ва ин суханон сухани дили ман нестанд. Ба дил инчунин шубҳа шеър мегуфтам, вале равшан намедонистам, ки хонандагон меписанданд ё не. Ҳаводорони шеъри тоҷик ба ҷӯр ва ҳамоҳанги мисраъҳо, ба зарбу оҳангдории қофияи мураттаб ва маъниҳои ба воқеият наздикро меписанданд ва завқи ононро бо инчунин шеър парвардаанд.
Устод Мирсаид Миршакар аз ҳама пештар ба кӯмаки ман расиданд. Боре ду-се шеъри ба ин равия гуфтагиамро хонданду норозиёна сар ҷунбонда гуфтанд:
— Лӯккаро ёд мегирам гӯён аз йӯрғаат намонӣ…
Аввал дар усули анъанавӣ ба пояе бирас, агар имконияти он тангӣ кунад, вазну қофия ва тартиби мисраъҳо барои баёни маънӣ монеъ шаванд, сипас озмой…
Дарвоқеъ, ман он айём муддате сарҳисоби корамро гӯё аз даст дода будам, заминаи шеъри тоҷикиро гум карда, саргардон худро ба ҳар сӯ мезадам. Суханони муаллим маро дубора ба даври меҳварам — ба кӯи шеъри асили тоҷикӣ боз оварданд.
Оре, муаллим марди некбин ва оқибатандешанд ва аз ин рӯ ба бурду бохти адибон бепарво нестанд.

пешина
аз 393
навбатӣ